Мақолаҳо

ХИЁНАТКОР ВАТАН НАДОРАД
Дар ҷаҳони муосир дар баробари рушди босуръати илму технология, кашфи кайҳон ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, боз дигар хатарҳо - чун терроризму экстремизм ва сепаратизм ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад. Бо вуҷуди муборизаи пайвастаи кишварҳои олам ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, то ҳол хатари ин вабои аср бартараф карда нашудааст. Тоҷикистон чун як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста ин амалҳои манфурро маҳкум намуда, мубориза мебарад.
Замоне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ интихоб гардид, мамлакат дар шароити вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт. Пешвои муаззами миллат бо малакаи кордониву ватандўстӣ дар давоми беш аз 30 соли Истиқлол тавонист мамлакатро аз буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ барорад. Амнияти мамлакат ва осудагии мардумро пурра таъмин намояд. Барои таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо, интихоби озодонаи динро фароҳам овард. Барои пешгирии ҷиноят ва нофаҳмиҳо бошад, Сарвари давлат ба ҳайати уламои дин ва шарқшиносони ватанӣ супориш дод, ки китоби барои мусалмонон муқаддаси «Қуръон»-ро ба забони тоҷикӣ ва хатти кириллӣ тарҷума намуда, дастраси мардум гардонанд. Донишгоҳи исломии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ҳама кўшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва алалхусус, Сарвари мамлакат барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб буд. Аммо шахсони кўрсаводи аз дину мазҳаб бехабар аз нодонии худ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гардида, на танҳо ҷони худ, балки тамоми амнияти ватани азизамонро дар зери хатар мегузоранд.
Аз чаҳор сӯи дунё ҳар рӯзу соат маргу таъқиб, таркиш, ҷангу ноамнӣ, террору одамкушӣ бо шеваҳои гӯшношунид мешунавему мехонем.
Ба андешаи доктори илмҳои фалсафа А. Шамолов, “Ҷаҳон имрӯз дар ҳолате қарор дорад, ки мо ҳатто намедонем, ки фардо чӣ мешавад. Зеро кишварҳои абарқудрат ҷаҳонро ба ҳолате рӯ ба рӯ сохтаанд, ки акнун худашон намедонанд, ки чӣ кор кунанд, ки ҷомеаи башариро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд”.
Метавон гуфт, ки башарият ба вартаи хатарноку даҳшатборе омада расидааст. Ҳама дар чаҳор тарафи дунё роҳи берунрафт аз ин бунбастро меҷӯянд. Аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз буҳрон то ҳанӯз пайдо нест. Бо баҳонаи демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, аз ҷумлаи занону кӯдакону мӯйсафедонро қатл мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ таассуб ва ифротгароӣ инсонҳоро ба ваҳдат ва сулҳ оварда наметавонад.
Дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб барои он ки ба равони шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсир расонанд, мафҳумҳои гуногунро бо номи радикализм, экстремизм, терроризм ва ғайраҳо бофта бароварда, ҳадафҳои худро, ки он аз таъмин намудани ҳукмронии худ дар ҷаҳон ва соҳиб шудану суистифода намудани захираҳои бойи зеризаминӣ ва инсонии кишварҳои дигар аст, амалӣ менамоянд. Бо ҳамин мақсад лоиҳаҳои гуногунро тарҳрезӣ мекунанд.
Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ терроризм, таассуб мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуб сарчашма мегиранд.
Таассуб дар қалби фарде, ки ба ин маризӣ мубтало шудааст, нафрату адоват ва одамбадбиниро тарбия мекунад. Дарки бешууронаи арзишҳои ислом, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ боиси хуруҷи таассуб мегардад.
Танҳо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад таассубро аз байн барад.
Мутаассифона, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низоъ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Аз ин сабаб, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав бояд дар саросари кишвар, дар шаҳру деҳот марказҳои ҳунармандӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзиро кушода, ҷавононро ба чунин ҷойҳо ҷалб намуд. Ҷавонони солиму худогоҳ ҳеҷ вақт ба роҳи каҷ нарафта, баръакс, оилаи худ ва давлату миллати хешро доимо ба қимати ҷони худ ҳифз менамоянд.
Шоири шаҳири тоҷик Наимҷон Назирӣ ба чунин шахсон – террористон – одамкушон хитобае гуфтааст:
Хитоб ба ҷангҷўён
Террористи ҷангҷӯю ҳиллагар,
Гурги гушна, ташнаи хуни башар.
Душмани озодию сулҳи ҷаҳон,
Дӯстдори ҷоҳу мансаб, мулки ғайр.
То ба кай ту ҷангу исён мекунӣ!
Одамонро хонавайрон мекунӣ!
Рехта хуни тифлакони бегуноҳ,
Карда ошиқро зи маъшуқаш ҷудо.
Ҷои алла моми сарсахт то ба кай,
Пасту маҳзунона гӯяд “алвидоъ!”
Дасти нопокат бикаш, эй бешараф,
Дурри мақсудат намеояд ба каф.
То ба кай гулшан чу гӯристон шавад?
Шаҳрҳову деҳаҳо вайрон шавад,
Пиру барно бегунаҳ аз дасти ту,
Ҳамдами ғам гардаду зиндон шавад.
Оқибат, эй ҷангҷӯи бадгумон,
Мешавӣ шармандаи рӯи ҷаҳон!
Наргис Аслонова, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ