Мақолаҳо

АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ОНҲО
Коррупсия – ришватхурӣ ё фасодшавӣ - як падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти зараровари ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар бисёр сохторҳое, ки имрўз кору фаъолият доранд, реша давонидааст ва инсонҳоро гумроҳ сохта ба чинояткорӣ тела медиҳад.
Ин ҷараён дар солҳои 80-90 – уми асри гузашта дар бештар мамлакатҳои ғарб ба назар мерасид ва дар ҷомеаи мо гўё ки арзи вуҷуд надошт ва мо дар бораи он тасаввуроти амиқ надоштем.
Дар ҷахони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводҳои нашаовар, инчунин, масъалаи дигари мубрам ва доғи рўз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Коррупсия дар замони муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дора два баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Набояд фаромўш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ тадбил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаву муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуд, рўзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишваори Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлат ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25- уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 – уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи конвенсияи зикршуда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007 мақомоти мазсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Атоева Ҳ.Н., муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ