Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

         Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати расидан ба пешравӣ ва муваффақиятҳо ба мушкилоти зиёде дучор шудаанд. Яке аз он зуҳуроте, ки садди роҳи инкишоф ва пешравии давлатҳои ҷаҳон гардидааст, коррупсия мебошад. Ҳамчунин, коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрўз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Имрўзҳо яке аз масъалаҳои мубрами рўз ин мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Дар бораи ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд.

          Баъд аз соҳибистиқлол гаштан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсионӣ рў ба рў гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, аз як тараф, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз тарафи дигар бошад, омода набудани аҳолӣ ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаю тартиботи он буд.

          Воқеан, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, чунки раванди демократикунонии ҷомеа дар рў ба рўи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рў, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рўйи кор омада, барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

        Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143 таъсис додани мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 28 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, се маротиба таҳия ва тасдиқ шудани Стратегия дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то 2030, инчунин, дигар санадҳои зерқонунӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. 

          Ин санадҳои муҳим моро водор месозанд, ки ба хотири пешрафту инкишофи давлати азизамон атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия боз ҳам муттаҳид гардем ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа, истифодаи маҷмуи воситаву усулҳои муосир дар мубориза бар зидди коррупсия тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона созем.


Ф. Сайдмуҳуддинов, сардори раёсати молия ва муҳосибот