Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИСТИҚЛОЛ - АСОСИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

     Аз рӯзи Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халқ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Истиқлол асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузургу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ маҳсуб мешавад.

     Дар шароити кунунӣ таҳкими Истиқлол, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон на танҳо барои мардуми мо, балки барои тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар муайян гардид. 9-уми сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

     Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд ва аз то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик муқаддас маҳсуб мешавад.

    Бо соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастљамъӣ ва созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

    Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тули асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.

    Ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид кард.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин суханони пурҳикматро қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию бономуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.

    Ба муносибати ин рӯзи фархунда, яъне 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ дар кишвар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Диловаршоҳ Муродзода,

муовини ректор оид ба масъалаҳои маъмурию хоҷагидорӣ