Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисоди мамлакат тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконияти мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, таррақӣ додани илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

     Дар замони Истиқлоли давлатӣ, ки ҳоло 34-сола мешавад, иқтисоди кишвари мо ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардид, ки ин фаъолияти кишварро самарабахш сохт. Хушбахтона, рушди робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриамон мустақиман амалӣ карда шуд ва ин кор ба раванди содироту воридоти маҳсулот таъсир расонд. Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардњои назарраси иқтисодӣ дар даврони истиқлол ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад.

     Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати созандае, ки рӯйи даст гирифтанд, дар баробари назм ворид кардан ба сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва фарҳанг фаъолияти ниҳодҳои танзимсозандаи соҳаи иқтисод ва молияро низ таҷдиди назар намуданд. Албатта, ин ҳадафи бузург бидуни рӯ овардан ба мутахассисони варзидаи соҳа ғайриимкон аст. Ба ин хотир, дар сохтани низоми иқтисоди кишвар ба мутахассисони дохилӣ қаноат карда нашуд, балки аз зарфиятҳои кории мутахассисони хориҷ аз кишвар низ истифодаи самаранок сурат гирифт.

     Дар натиҷаи кори дуруст ва ҳадафмандонае, ки дар ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, мутахассисони ниҳодҳои иқтисодии кишвар барои коромӯзӣ ба мамолики пешрафтаи олам сафарбар карда шуданд, то баъди баргаштан таҷрибаи андӯхтаи худро дар самти ба низом даровардани соҳаи иқтисоди кишвар амалӣ намоянд. Чунин ҳам шуд. Ҳоло амалӣ кардани ин сиёсати иқтисодӣ боис гардидааст, ки мушкилоти шакл додани системаи иқтисодии кишвар то андозае бартараф карда шуд ва ҳоло ҳам раванди назм додан ба соҳа бо такя ба унсурҳои ҷаҳонӣ ҷанбаҳои тозаеро касб карда истодааст.

     Бо мурури замон ва зина ба зина ихтисосҳои қаблан дар муассисањои тањсилоти олии кишвар амалкунанда таҷдиди назар карда шуданд ва дар заминаи онҳо як зумра тахассусҳои иқтисодие ба соҳаи таълим дар факултетҳои тахассусӣ ворид гардиданд, ки омили асосии рушди соҳа гардид ва ба ин васила, дар майдони кори соҳаи иқтисоди кишвар мутахассисони варзида омадан гирифтанд. Ҳамзамон, амалӣ кардани ин кор боис гардид, ки ба бахшҳои гуногуни илми иқтисоди миллӣ муҳаққиқони зиёде бипайванданд, китобҳои дарсӣ таълиф кунанд ва осори илмӣ бинависанд.

     Самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин даврони тиллоӣ дар мамлакати мо корхонаҳои хурду миёна ва бузург сохта, ба истифода дода шуданд ва иқтисоди мамлакат рушд кард. Хоса, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфтанд. Бо рушд ёфтани соҳаи иқтисодиёт ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ин ба самаранокии корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд. Хушбахтона, дар ин корхонаҳои муштарак зиёда аз 90 фоизи коргарону мутахассисонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки қисми зиёде аз онҳо дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсил намудаанд.

     Эълон шудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»-ро дастоварди дигари соҳаи иқтисоди кишвар дар даврони 34-соли Истиқлоли давлатӣ мешавад унвон кард. Ҳамин тавр, метавон бо ифтихор иброз дошт, ки иқдоми мазкур яке аз падидаҳои муҳим дар сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро он самти нави пешрафти кишвар ба сӯйи иқтисоди рақамӣ ва муҳити инноватсионӣ мебошад.

 С. ФАЙЗУЛЛОЕВА,

н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳон