Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

АЗ ТАЪРИХИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТО БА ШУКУФОӢ

     Истиқлолият яке аз арзишмандтарин ва муқаддастарин неъматҳои ҳар як миллат аст, ки роҳи расидан ба он бо заҳмат, мубориза ва фидокориҳо ҳамроҳ мебошад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи одӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Барои миллати тоҷик, 9 сентябри соли 1991 рӯзи таърихист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун як субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ арзи ҳастӣ кард. Ин рӯйдод на танҳо поёнбахши як давраи тулонии вобастагӣ буд, балки оғози марҳилаи нав, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну соҳибфарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.

    Тоҷикистон як давлати дорои таърихи чандинҳазорсола аст, аммо дар давраҳои муосир, сарнавишти он бо Иттиҳоди Шуравӣ сахт пайваст буд. Аз солҳои 80-уми асри XX, бо суст шудани низоми шуравӣ ва густариши ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар саросари ИҶШС, миллати тоҷик низ дар ҷустуҷӯи истиқлол бархест. Дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон ба унвони Ҷумҳурии сотсиалистӣ дар доираи низоми сиёсии марказӣ қарор дошт. Дар ин давра, гарчанде ки саноат, маориф ва илм пешрафт карданд, маҳдудиятҳои зиёде барои рушди забон, фарҳанг ва ташаккули давлатдории миллӣ вуҷуд доштанд.

     Эълони Истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмилӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи даҳшатборро мемонд.

     Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки Ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард. Тамоми гурезагон ба ватан баргаштанд, мардум ба ҳаёти осоишта ва маҷрои муқаррарии зиндагӣ баргаштанд, тарсу ҳарос аз дили мардум берун рафт.

     Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шуд.

     Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шуруъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд, ки дар зер нишон дода мешаванд:

     - Амнияти энергетикӣ: Бо дарки вобастагӣ ба манбаъҳои беруна, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба кишвар имкон дод, ки аз буҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил ёбад.

     - Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад.

     - Нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" имрӯз на танҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон карданд, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.

     - Амнияти озуқаворӣ: Бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминаҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.

     - Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

     Хотирнишон бояд кард, ки даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра расман эътироф ва ҷашн гирифта шуданд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.

      Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Мутаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Бо вуҷуди пешрафтҳо, Тоҷикистон имрӯз низ бо як қатор чолишҳо рӯ ба рӯ аст:

    - Таъмини истиқлоли иқтисодӣ: Боз ҳам мустақилтар шудани иқтисод аз таъсири берунӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва саноатикунонӣ.

    - Истиқлолияти рақамӣ: Дар ҷаҳони рақамӣ, масъалаи ҳифзи фазои иттилоотӣ ва амнияти киберӣ низ ҷузъи Истиқлолият гардидааст.

     - Масъулияти насли нав: Ҷавонон бояд арзиши Истиқлолиятро дарк намуда, ҳамчун муҳофизони маънавӣ ва амалии он баромад намоянд.

     Истиқлолият барои Тоҷикистон рамзи эҳёи давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва номуси миллӣ аст. Ин раванд танҳо бо як эъломия шуруъ нашуд - он марҳилаи пайвастаи талош, заҳмат ва хидмат аст. Барои нигоҳ доштани ин неъмати бузург, зарур аст, ки ҳар як фарди ҷомеа, аз донишҷӯ то роҳбар масъулияти шахсии худро эҳсос кунад. Танҳо дар ҳамбастагӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ метавон Истиқлолиятро на танҳо ҳифз, балки дар тӯли наслҳо тавсеа дод.

    Хулоса, ҳамин тариқ истиқлолият - рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ зананд.

 Хисрав Абдуразоқов, омӯзгори ДДМИТ