Мақолаҳо

САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БАРОИ МАРДУМИ ТОҶИК
Истиқлолият яке аз неъматҳои бузургу бебаҳоест, ки ба ҳар як миллат имкони зиндагии озодона, худшиносӣ ва рушди ҳамаҷонибаро фароҳам меорад. Мардуми тоҷик 9-уми сентябри соли 1991, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт. Ин сана дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва ба ҳайси муқаддастарин рӯйдоди миллӣ арҷгузорӣ карда мешавад.
Бо ба даст овардани истиқлолият, мардуми тоҷик соҳиби давлати мустақили миллӣ гардиданд. Қадамҳои аввалини давлатсозӣ бо душвориҳо ҳамроҳ буданд, кишвар ҷанги дохилиро аз сар гузаронд, вале бо талошу иродаи мардуми шарафманди тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ба даст омад. Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад, ки дар он ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад озодона зиндагӣ кунад ва ба рушди ҷомеа саҳм гузорад.
Яке аз самараҳои муҳими истиқлолият эҳё ва густариши фарҳанги миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми расмӣ гирифт ва шароити мусоид барои рушди он муҳайё гардид. Фарҳангу таърихи миллат, ки солҳои тулонӣ зери сояи идеологияи бегона қарор дошт, дубора зинда гардиданд. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон анъанаҳои миллӣ, либоси миллӣ, мусиқӣ ва адабиёти тоҷик рушд меёбанд, ки ҳамаи ин нишон аз бедории миллӣ ва худшиносии мардум аст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Истиқлолият барои мо муқаддастарин ва бебаҳотарин дастоварди таърихӣ мебошад. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки давлатдории миллии худро эҳё ва тақвият бахшем».
Истиқлолият ба мардуми тоҷик имкон дод, ки сарвати табиии худро соҳибӣ кунем ва барои беҳбудии зиндагии худ истифода барем. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо неругоҳ, роҳ, мактаб, беморхона ва муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз лоиҳаҳои бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистонро дар оянда ба яке аз кишварҳои асосии тавлидкунандаи неруи барқ табдил хоҳад дод.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик неъмати бузургест, ки зиндагии озоду ободро ҳадя намудааст. Мо, фарзандони ин миллат, вазифадорем, ки ин неъматро эҳтиром намоем, арзишҳои миллиро ҳифз кунем ва барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузорем. Танҳо бо меҳнат, илму дониш ва ваҳдати миллӣ метавонем самараҳои истиқлолиятро нигоҳ дорем ва онро боз ҳам пойдору пурмаҳсул гардонем.
Фозилзода Орифҷон Махсум,
ассистенти кафедра фанҳои гуманитарии ДДМИТ