Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

СУЛҲ АЗ ОМЎЗИШ САР МЕШАВАД

(Дар партави Суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30.08.2025)

         Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст, оғози марҳилаи нав дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус соҳаи маориф гардид. Барои ҳар миллат ва давлат истиқлол муқаддастарин арзиш аст, зеро он заминаи рушду пешрафт ва худсозии миллӣ мебошад. Дар ин замина, рушди соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

     Маълум аст, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ва илм соҳаи афзалиятнок дониста шудааст ва баҳри рушду такомули он ҳамеша чораҳои муҳиму судманд андешида мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳояшон пайваста ба маориф, илм, таълим ва тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Барои пешрафту инкишофи соҳаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, афзоиши рўзафзуни маблағгузорӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф шаҳодати таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Пешвои миллат аст. Барои танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳаи мазкур то ба имрўз садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

     Ҳамасола рўзи якуми сентябр ҳамчун таҷлил намудани Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори соли таҳсили 2025-2026 ва Рўзи дониш дар муассисаи таҳсилоти олии кишвар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷўёни кишвар аҳамияти басо муҳими таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад.

     Сулҳ - ин танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ — ин ҳолати зеҳн, қалб ва рафтори инсон аст, ки ба оромӣ, эҳтиром, фаҳм ва ҳамзистии осоишта бо дигарон асос ёфтааст. Аммо роҳи расидан ба чунин сулҳ аз куҷо оғоз меёбад? Ҷавоб танҳо як аст: аз омўзиш.

     Омўзиш маънои танҳо гирифтани маълумоти илмӣ, таълимӣ ё тарбиявӣ надорад. Омўзиш – ин тарзи зиндагист. Вақте инсон таҳсил мекунад, на танҳо хондан ва навиштанро меомўзад, балки омўхтани ҳамдигарфаҳмӣ, маданияти гуфтор, эҳтиром ба ақидаи дигарон ва тарзи ҳалли мусбати низоъҳоро низ меомўзад. Мактаб – ин нахустин муҳитест, ки одамон меомўзанд, чӣ гуна бояд якҷоя зист, гўш кард, бахшид ва бо муҳаббат муносибат кард.

     Ҷомеае, ки таълимоти босифат дорад, сатҳи хатарнокии муноқишаву хушунат дар он камтар аст. Чунки мардумаш бо дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳанд. Онҳо медонанд, ки ҳар як масъала бо зўроварӣ ҳал намешавад, балки бо гуфтугў, шунидани якдигар ва ҳамкорӣ. Дар ҷомеае, ки одамон бесаводанд, осебпазирӣ бештар аст — онҳо ба осонӣ гумроҳ мешаванд ва ба гурўҳҳои ифротгаро пайвастанашон осон мешавад.

     Ҳамин аст, ки имрўз маориф бояд на танҳо дониш диҳад, балки фарҳанги сулҳро ҳам дар шогирдон рушд диҳад. Омўзгорон вазифадоранд, ки на танҳо дарс диҳанд, балки дар қалби ҳар як шогирд донаи дўстиву меҳрубонӣ бикоранд. Ва ҳар як хонанда низ бояд фаҳмад, ки бо омўзиш, ў на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи осоиштаи кишварро месозад.

     Имрўз, ки мо Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ҷашн мегирем, бояд дар ёд дошта бошем: ҳар як китобе, ки мехонем, ҳар як дарсе, ки меомўзем, метавонад як қадами дигар ба сўи ҷомеаи сулҳомез ва устувор бошад. Зеро сулҳ аз омўзиш сар мешавад ва ин омўзиш вазифаи ҳар яки мост.

     Бинобар ин, дар суханронии ба Дарси сулҳ ва Рўзи дониш бахшидашудаи Сарвари давлат қайд гардид, ки ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

     Аз ин рў, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда ибрози андеша намуданд, ки маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омўзгорон мусоидат карда истодааст.

     Дар маҷмуъ, масъалаҳои меҳварии Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсили 2025-2026 аз инҳо иборат буд:

  •     Нигаронӣ аз вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва даъват ба муттаҳидиву аз даст надодани зиракии сиёсӣ;
  •     Сипосгузории Президенти маҳбуби кишвар ба садҳо нафар соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша дар самти бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахш доштанашон дар рушди соҳаи илму маориф;
  •     Ғамхории Ҳукумат ва ташаббусҳои Роҳбари давлат баҳри бунёду таъмири биноҳои таълимӣ, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф;
  •    Рушди таҳсилоти томактабӣ ва муаммоҳои ин соҳа;
  •    Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон;
  •    Саҳми аҳли маорифи кишвар ба ташвиқи сулҳу ваҳдат ва рушди босуботи давлат;
  •    Омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  •   Таъмини робитаи илм бо истеҳсолот, таваҷҷуҳ ба ихтироот ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ;
  •   Даъвати ҷавонону наврасон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, донишандўзӣ, касбу ҳунаромўзӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол;
  •     Масъулияти падару модар ва муассисаҳои таълимӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд;
  •    Иҷрои нақшаҳои бунёдкорию созандагии соҳаи маориф ва илм бо ҷалби имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша, фаъолон ва аҳолӣ;
  •   Эҳтиром гузоштани шаъну шарафи омўзгор, ки имрўзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобастагии калон дорад;
  •    Дар маркази шаҳру ноҳияҳо, маркази ҷамоатҳои деҳоте, ки шумораи аҳолиашон аз 10 ҳазор нафар зиёд аст, инчунин, дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои калони истеҳсолӣ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё гурўҳҳои мақсадноки таълимӣ ё филиалҳои онҳоро таъсис додан.

     Вобаста ба хароҷоте, ки дар соҳаи маориф ва илм шудааст, чунин ишора шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи мазкур сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрўз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф мебошад.

    Дигар масъалаи муҳиме, ки дар Дарси сулҳ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат садо дод, ин эҳтироми омўзгор ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа мебошад.

     Омўзиш, тарбия ва паҳн намудани арзишҳои сулҳ бе шахсе номумкин аст, ки меҳвари тамоми ин раванд мебошад. Ин шахс омўзгор аст. Омўзгор бунёдгузори сулҳ дар замири ҳар як шогирд аст.

     «Ҷомеае, ки ба устод, омўзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад», чунин таъкид карда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон.

     Дар асоси моддаҳои 47 ва 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мақоми омўзгор ва шаъну шарафи ў таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад.

     Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30.08.2025 чунин қайд намуданд: «Омўзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрўзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобастагии калон дорад. Хиради омўзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омўзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омўзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омўзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рўзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омўзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид».

     Хулоса, дарси сулҳи ибратпазири Пешвои миллат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулият, дарки зарурати ҳифзи Ватан, пуштибонии дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳ бахшида, ҳифзи мактабу маориф ва нигоҳ доштани мақоми омўзгор ва шаъну шарафи ўро устувор нигоҳ медорад. Бешубҳа, танҳо ҷомеае, ки ба маориф арҷ мегузорад ва ба омўзгор эҳтиром дорад, метавонад ба сулҳу субот, рушд ва пешрафти воқеӣ даст ёбад. Зеро ояндаи давлат дар дасти омўзгор ва қалами шогирд тарошида мешавад.

     Аз ин лиҳоз, мо, омўзгорон ва донишҷўёни макотиби олӣ, вазифадорем, ки доир ба пешниҳоду тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баландбардории сифати таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф тамоми кўшишу ғайрати худро равона созем.

 

Мирзоев Субҳоналӣ Аҳтамҷонович,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

дотсенти ДДМИТ