Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

РУШДИ БЕСОБИҚАИ ИЛМУ МАОРИФ ТАҲТИ РОҲНАМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

   Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло 34-умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем, дар таърихи халқи тоҷик яке аз нодиртарин падидаҳои сиёсӣ ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад».

   Дар ҳақиқат, маҳз Истиқлоли давлатӣ худшиносии миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдору устувор фароҳам овард. Дар заминаи Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик тавонист таҳти роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии мардуми кишвар дигаргунии зиёдеро ба вуҷуд орад.

   Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мо муқаддастарин арзишҳо ба ҳисоб рафта, ҳифз намудану таҳким бахшидан ба онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёди назаррас ноил гардид, ки ин ҳама, албатта, бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гаштааст.

    Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, бо амалишавии чор ҳадафи стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуд.

   Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии бонизому пайвастаро, ки асоси онро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, татбиқ месозад.

   Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфтаю татбиқ гардидаанд ва иқдоми чоруми мамлакатамон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлатамон - “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” низ амалӣ шуд. Хотирнишон месозем, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, маҳз дар доираи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шудани соли 2025 амалӣ гардид. Қабул гардидани қатъномаҳои махсуси таърихӣ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имконоти нав барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ташаббусҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

   Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими бештари ин дастовардҳо зарур аст, ки мафҳумҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон табдил дода шавад. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони мамлакат ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистон ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад.

   Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи орзуҳо ва нақшаву ниятҳояшон, ҳамчунин пешрафти давлат ва ободии Ватан маҳз аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста аст.

    Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳон, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии олам ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи Истиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

   Бояд гуфт, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз он ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил шудан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши хеле муҳим дорад.

   Аз ин рӯ, мо бояд доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешем, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоем.

   Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.

   Бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, мо кормандони соҳаи маорифи кишвар фаъолиятамонро самараноктар ба роҳ монда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ноил мегардем ва дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор мешавем.

 

Умар Воҳидов,

н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи ДДМИТ