Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ПАЙКИ ИҚБОЛ АСТ, ИСТИҚЛОЛИ МО!

(меҳрномае ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

     Истиқлоли давлатӣ тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

      Дар рӯзҳои истиқбол аз 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дидору суханронии Пешвои муаззами миллат бо аҳли илму маорифи кишвар сурат гирифт, ки чунин кори шоиста дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, чунин мулоқоти судмандро дар арафаи истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ метавон рамзӣ номид, зеро он фаротар аз як дидору суханронӣ - Дарси сулҳ аст ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқи хешро аз ситоиши сулҳ оғоз менамоянд, зеро бидуни даст ёфтан ба сулҳу ҳамдилӣ арзи ҳастӣ кардан ва комил шудани Истиқлоли давлатӣ имконнопазир мебошад. Имсол низ Сарвари мамлакат сулҳро сари болову дасти расои миллати тоҷик унвон карда, аз баракату аҳамияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд ва тамоми дастовардҳои Тоҷикистони азизамонро аз самараҳои соҳибистиқлолӣ донистанд. Биёед, ба ин таъкиди хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намоем: “Таъкид менамоям, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад”.

     Дар баробари ироаи ин ва дигар ҷумлањои ангезабахш Сарвари давлат зикр карданд, ки агар кишвари мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ намебуд, мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистем дар соҳае, махсусан, дар самти мактабу маориф натиҷаҳои самарабахш ба бор биёварем. “Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд” - ин аст бахше аз он нутқи пурмуҳтавое, ки Роњбари давлат ба забон оварданд.

    Ин андешаро ба ҷону дил таъйид бояд кард, зеро мактабу маориф бидуни муҳайё будани Истиқлоли давлатӣ ва Истиқлоли давлатӣ бидуни мактабу маорифи аз ҳар лиҳоз пешрафта пойдор боқӣ намемонад.

Аз ҷаҳлу чанги наҳси таассуб раҳида, пас

Худро ситоди даҳр шумурдан намурдан аст.

     Моро мебояд, ҳоло фаротар аз таҷрибаҳое фаъолият дошта бошем, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон аз он кор гирифта истодаанд ва бо сохтани маорифи тавоно имрӯз дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд. Бо зикри ин нуктаҳо боз ҳам ҳадиси Ҳаким Фирдавсӣ сари забон меояд, ки доноёнро тавоно хондааст:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Ба ранҷ андар орӣ танатро равост,

Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,

Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

     Ду мисраи охири ин абёти ҷонбахшро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахше аз суханронияшон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қироат карданд ва дар тақвияти он босароҳат зикр карданд, ки Истиқлоли давлатиро танҳо шаҳрвандони бо донишҳои замонавӣ аз ҳар лиҳоз мусаллаҳ ҳифз карда метавонанд. Рӯзгори печидаи ин давру давронро Сарвари давлат мисол заданд, аз рӯзҳои талх ва сахту сангини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд ва зикр карданд, ки барои такрор нашудани он рӯзҳои шум ва бо назардошти вазъи печидаву ногувори олам бояд дар илму маориф тавоно бошем ва сулҳу Истиқлоли давлатии ҳоло дар Ватан таъминро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи худро бо овардани мисолҳои мушаххас, аз ҷумла оламгир шудани зеҳни сунъӣ комил карданд. Ироаи чунин суханҳо аз ҷониби Сарвари давлат бад-он хотир буд, ки ҳамватанони мо, махсусан наврасону ҷавонон, дар раванди аз худ кардани илмҳои муосир, техникаву технологияҳои навин ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ набояд зарфияту имкониятҳои зеҳни сунъиро ба чашми кам бубинанд, зеро имрӯз давлатҳои пешрафта дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва соҳибистиқлолӣ, аз он самаранок истифода бурдан доранд.

     Ин ҳама таъкидҳое буданд, ки аз калима то калима ва аз сатр то сатр ҳамдигарро комил мекарданд, ки дар меҳвари ин нутқи пурмуҳтавои Сардори давлат ҳифзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Бояд ин таъкидҳоро ҷиддӣ бигирем ва дар роҳи боз ҳам комил кардани Истиқлоли давлатии кишварамон ќадамҳои устувортар гузорем. Ба ин боварии Сарвари давлат сазовор бошем, ки гуфтаанд: “Ман ҳамеша ба ақлу заковат, неруи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд”.

     Мо низ, албатта, ба он хотир бахше аз матлабамонро ба иншои бардошт аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидем, ки дар он аз ибтидо то интиҳо масъалаи ба таври ҳамаҷониба ҳифз кардани Истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Ҳоло дар идома талош мекунем, ки ҳамчун соҳибватан ба 34-солагӣ расидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дили гарм ва ҳисси ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ ситоиш кунем.

     Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо чӣ дод? Ин суолест, ки ҳар сол дар арафаи ин ҷашни муборак мо ба ҳамдигар медиҳем. Рӯзноманигорон барои таҳияи матолиби истиқлолии хеш бо ин суол ба шањрвандони мамлакат муроҷиат мекунанд ва хулоса, ин пурсиши барои ҳамаи мо ошно як навъ пайки наздик омадани Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 9 сентябр аст, ба мардуми сарзаминамон меорад. Хуб аст, ки ин ва ба ин монанд пурсишҳоро дар ин ҷашни хоса аз ҳам мекунем. Яъне, ин як навъ нишонаи садоқати мо ба Тоҷикистон ва Истиқлоли давлатии он аст. Зеро мисле ки як инсон, ба таъбири зиндаёд Абулқосим Лоҳутӣ, шаб чун сар ба болин гузошт, бояд аз худ дар мавриди "имрӯз чӣ хидмате ба мардум..." карданаш бипурсад, ҳар ҷашни Истиқлоли давлатӣ низ бояд бо баррасии чунин пурсиш ва пиёда кардани дигар ибтикороти муассир натиҷагирӣ шавад. Боз ҳам бармегардем ба сари пурсиши "Истиқлол ба мо чӣ дод?". Албатта, посух додан ба ин суол ҳам саҳл аст, ҳам душвор. Осон аз он, ки агар кӯрдил набошӣ, Ватанро дӯст дорӣ ва Пешвои муаззами миллатро ҳамчун раҳнамову раҳбалади комил шудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кунӣ, бидуни шак, тамоми дастовардҳои кишварро аз баракати соҳибистиқлолӣ медонӣ. Яъне, агар ба ин пурсиш осон посух додан хоҳӣ, метавонӣ бо як ҷумла иброз дорӣ, ки тамоми дастовардҳои давоми 34 соли ҳастии давлатдории навини Тоҷикистон аз бузургию шаҳомати соҳибистиқлолии мост. Чунин посухи кўтоҳ низ ифтихорангез аст, вале гоҳе мо аксар мардуми шарифи Тоҷикистон бо ба забон гирифтани ибораи “Истиқлоли давлатӣ” дар бораи бузургию мақоми соҳибистиқлолӣ он қадар ҳарф задан мехоҳем, ки вожаҳои ҷилд-ҷилди луғатномаҳову фарҳангҳои олам дар бароварда сохтани эҳсоси ватандӯстиамон камӣ мекунанд. Воқеан, шоиста аст, ки ин ҷашни таърихиро ба ҳар навъе ситоиш кунем, зеро бо ҳастии он дар арсаи олам тоҷикро мешиносанд, Тоҷикистонро мешиносанд, ҳарфи моро мешунуванд, ибтикороти моро мепазиранд. Аз ин дида магар дигар бахти баланд барои ватандор вуҷуд дорад? Албатта, не!

Шахсан ҳоло ки ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сола мешавад ва ба бахти фароҳам будани имконияту зарфиятҳои мусоид дар талоши сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии онем, бо ҳисси ифтихор аз ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ ин таронаро зери лаб замзама дорам ва шак надорам, ки тамоми мардуми меҳанпарасту истиқлолхоҳи Тоҷикистони биҳиштосо ҳамсадову ҳамнавояманд:

Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,

Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.

Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,

Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлол аст.

     Ба таъбири шоир, дар ин лаҳзаву ин рӯзҳои саиде, ки Тоҷикистони азизамон тантанаи таҷлили шоиста аз 34-солагии Истиқлоли хешро дорад, фараҳмандиро дар нафас ғулғула мекунему бо ҳам таронаи ҳамдилӣ месароем. Тоҷикистонро, соҳибистиқлолии онро ситоиш мекунем.

Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, эй ҳамватан!

 

Малика АКРАМЗОДА,

доктори фалсафа(PhD), муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДМИТ