Мақолаҳо

ОМӮЗГОР - САРЧАШМАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30.08.2025 с.)
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Рӯзи дониш ва баргузории анъанавии Дарси сулҳ на танҳо оғози соли нави хониш, балки рамзи ваҳдат, маърифатандӯзӣ ва масъулияти умумии ҷомеа барои ояндаи миллат мебошад. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 августи соли 2025 ба муносибати ин рӯз садо дод, бори дигар аҳаммияти таълиму тарбияро ҳамчун омили асосии рушди давлатдорӣ ва такомули маънавии миллат нишон дод.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд: «Маҳз омӯзгорон - машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд».
Таҳқиқотҳои сотсиологӣ низ нишон медиҳанд, ки ҳар қадар мавқеи омӯзгор дар ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ рушд мекунад. Ба ибораи дигар, омӯзгор на танҳо шахси интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва рӯҳи ватандӯстии насли нав аст.
Имрӯз Тоҷикистон дорои ҳайати бузурги зиёиён ва аҳли маориф аст. Танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 131 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд. Ин шумора аз нуқтаи назари сиёсати кадрӣ ва рушди зеҳнӣ як иқтидори бесобиқа маҳсуб меёбад. Ба андешаи Пешвои миллат: «Илова бар ин, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажуҳишгоҳу академияҳои мамлакат ҳазорҳо нафар олимону донишмандон фаъолият доранд, ки онҳо низ неруи бузурги маънавӣ мебошанд». Иқтидори мазкур агар ба таври мақсаднок муттаҳид карда шавад, метавонад на танҳо таълиму тарбияи насли ҷавонро таъмин созад, балки рушди илм, фарҳанг ва иқтисоди кишварро низ ба марҳалаи нав барад.
Яке аз нуқтаҳои калидии суханронӣ пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Соли гузашта ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи ин қонунро таҳия намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст».
Ин иқдом, ба гуфти таҳлилгарон, марҳалаи сифатан нав дар сиёсати иҷтимоӣ мебошад, зеро мақоми омӯзгорро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мустаҳкам мегардонад. Бо қабули қонун на танҳо обрӯ ва эътибори омӯзгор баланд мешавад, балки ҳавасмандии кадрҳои ҷавон барои ворид шудан ба соҳаи маориф низ бештар хоҳад гашт.
Дар суханрониашон Пешвои миллат як нуктаи муҳими иҷтимоиро таъкид намуданд: «Масъалаи таълиму тарбия марбут ба имрӯзу ояндаи ҳар яки мост. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи насли наврас бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем». Ин сухан паёми равшанест ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа. Ҳам омӯзгорон, ҳам падару модарон ва ҳам сохторҳои давлатӣ вазифадоранд, ки дар ҷодаи таълиму тарбия масъулияти ҷиддӣ ба дӯш гиранд. Бидуни ҳамин ҳамбастагӣ, яъне бе ҳамкорӣ миёни мактаб, оила ва ҷомеа, ҳеҷ гуна натиҷаи устувор ба даст намеояд.
Омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест, ӯ ҳамзамон посдори ҳувияти миллӣ мебошад. Сарвари давлат таъкид карданд: «Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад». Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ маҳз омӯзгорон метавонанд наврасонро аз ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва гумроҳӣ эмин нигоҳ доранд.
Ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад». Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба омӯзгор, муттаҳид сохтани иқтидори зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти умумии ҷомеа метавонад Тоҷикистонро дар роҳи пешрафт ва маърифати воқеӣ ба марҳалаи сифатан нав барорад.
Далер САНГИНОВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ