Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Баррасии масъалаи баланд бардоштани мақоми омўзгор дар меҳвари "дарси сулҳ"-и пешвои миллат

(Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли мактабу маорифи кишвар ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

 "Маҳз омӯзгорон - машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд".

Эмомалӣ Раҳмон

     Рӯзҳое, ки ба тамошои пахши мустақими суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ омодагӣ мегирифтем, чунин андешаеро аз драматурги бузури фарангӣ Жан Расин хондам: "Ҳама метавонанд сухан бигӯянд, аммо сухани хуб гуфтан таълим, истеъдод ва тамрин мехоҳад”.

     Лаҳзаи тамошои Дарси сулҳи Пешвои миллат фаро расид ва бори дигар ба дурустии ин сухан имонам комил шуд, зеро гуфтори Сарвари давлат мисли ҳамеша монанди омӯзгори мусаллаҳ бо илми суханварӣ бисёр муассир ва ҷолиб буд. Хулосаамон ин шуд, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи давлатдорӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба лаҳни зебову ҷаззобашон вобаста аст. Аз рӯзи аввали сари минбарҳо ҳарф заданашон гуфтори муассири тавъам бо садоқат доштанд. Ҷавонмардона "Ман ба Шумо сулҳ меорам!" гуфтанашон кофӣ буд, ки мардуми Тоҷикистон ба садоқати эшон эътимод кунанд ва дар масири бунёди давлати соҳибистиқлол ҳамқадами ӯ шаванд. Ин аст, ки самъи мардуми суханпарвари Тоҷикистон ба лаҳни шевои Пешвои муаззами миллат одат кардааст. Аз ҳар суханронии ин марди дар ҷодаи ватандорӣ содиқ метавон панде гирифт, худшиносии фардӣ ва миллии хешро тақвият дод ва бо азми устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ ва меҳанпарастӣ гом ниҳод. Албатта, бояд чунин ҳам бошад, зеро як зарфияти умда, истеъдоди хос ва нишонаи асосии сиёсатмадорони бузург дар суханвари тавоно буданашон зоҳир мегардад.

     Ҳангоме ки суханронии навбатӣ - Дарси сулҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба гӯши ҷон мешунидему ба чашми дил тамошо мекардем, хулосаамон ин шуд, ки бояд ҳар омӯзгор аз шеваи гуфтори эшон пайравӣ кунад, то дарсаш ба завқи хонандагону донишҷӯён коргар шавад. Зеро Сарвари давлати мо, ки давоми ин ҳама соли соҳибистиқлолӣ ба мардум дарси сулҳ доданд, табдил ба як омӯзгори пуртаҷриба шуданд. Дар қатори пайравӣ аз сабки суханварии ин марди фозил, ҳамзамон, бояд омӯзгорон дар раванди анҷом додани корҳои таълимию тарбиявӣ аз рӯйи ин таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал кунанд: "Зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таълим ба масъалаи тарғиби фарҳанги сулҳофарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирӣ кардани таблиғоти кинаву адоват, тафриқаандозӣ ва зӯроварию хушунат аҳамияти махсус дода шавад".

     Суханронии навбатии Пешвои миллатро, ки ба муносибати Рӯзи дониш ироа доштанд, метавон фаротар аз як Дарси сулҳ бидонем, зеро ба таъбири худашон: "Мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем".

    Чунин ҳам шуд. Пешвои миллат дар радифи ситоиши дониш, манфиати маърифатафрӯзӣ, нақши таъмини сулҳ дар самти рушди соҳаи мактабу маориф... перомуни мушкилоти ҳалталаби соҳаи мазкур таҳлилу пешниҳодоти ҷолиб ва дархӯри замон ироа доштанд. Аз раванди амалишавии ислоҳоти соҳаи маориф гуфтанд, ки аз ибтидои даст ёфтан ба Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар кишвар идома дорад. Дар он маврид гуфтанд, ки имрӯз бо назардошти вазъи печидаи замони муосир ва рушди бесобиқаи илми ҷаҳонӣ набояд аз истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои дар соҳаи илму маориф пешрафта сарфи назар бикунем. Набояд омӯзиши кор бо зеҳни сунъиро, ки имрӯз аз самаранок истифода бурдани аксари давлатҳои ҷаҳон рушди бесобиқаро таҷриба кардан доранд, бипарҳезем.

     Хулоса, дар самти аҳамияти илму донишандӯзӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар кишвар ва мутобиқ кунондани он ба стандартҳои байналмилалӣ, рақамикунонии соҳа ва шеваҳои рушд бахшидани соҳаи мактабу маорифи мамлакат масъалае боқӣ намонд, ки Пешвои муаззами миллат баён надошта бошанд. Вале бояд бигӯем, ки дар атрофи масоили марбут ба дониш ва нақши бағоят муҳими маърифатандӯзӣ дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста ҳарф задан ва перомуни мақоми омӯзгор чизе нагуфтан комилан ғайриимкон аст. Бо дарки ин маънї, як бахши бузурги нутқи Пешвои миллатро, ки дар Рӯзи дониш пешниҳод карданд, зикри масъалаи нақши омӯзгорони соҳибтаҷриба дар рушди соҳаи мактабу маорифи кишвар ва тарбияи наслҳои, ба маънои томаш, ояндасоз ташкил медод, ки тасмим дорем перомуни он бардоштҳои худро дар идомаи матлаб бикорем.

     Табиист, ки дар фарҳанги мо аз гузашта то имрӯз омӯзгорон аз мақоми волое бархӯрдор буданду ҳастанд. Аммо солҳои охир бо таъсири ҷаҳонишавӣ ва дигар омилҳои дохиливу хориҷӣ коста шудани мақоми омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон мушоҳида мешуд. Агарчи давлати Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош мекунанд, ки ба ҳар шевае набошад, ба омӯзгорон барои ҳифзи мақоми хеш дар ҷомеа имкон фароҳам оваранд, вале боз ҳам миёни фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон гуфтугузорҳое бобати поён рафтани манзалати намояндагони ин қишри ҷомеа вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, дар суханронии мавриди назар Пешвои миллат перомуни баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таҳлилу пешниҳодҳое карданд ва нуктаҳоеро иброз доштанд, ки дурусту босифат амалӣ кардани ин афкори созанда чунин гуфтугузорҳоро дар ояндаи наздик комилан аз байн хоҳад бурд. Беҳтар аст, ки ба бахше аз ин пешниҳодоти созандаи Сарвари давлат мухтасар ишора намоем:

     1. "Зарурат пеш омадааст, ки бо дарназардошти ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, татбиқи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда шавад. Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаи мазкурро дар муддати шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд".

     2. "Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад".

     3. "Бояд гуфт, ки шумораи омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта ҳоло ҳам нокифоя мебошад ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои бештар ҷалб кардани чунин омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешад".

    4. "Масъалаи омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми маорифи мамлакат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар оянда аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзгорону муҳаққиқони сатҳи баландро омода намуда, раванди амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро тақвият бахшем. Аз ин лиҳоз, Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии тестӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади омода намудани омӯзгорони баландихтисоси равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қабули довталабонро ба гурӯҳҳои буҷетӣ зиёд намоянд".

     Албатта, ин чаҳор таъкиду пешниҳоди хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз матни суханронияшон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ айнан иқтибос овардем, ҳарфҳои сода нестанд. Ниҳодҳои дахлдор вазифадоранд, ки корҳои зикршударо ба навъи олӣ дар амал татбиқ кунанд ва ба Пешвои миллат ҳисобот диҳанд, зеро пиёда кардани ин ҳадафҳо, бешак, сифати фаъолияти соҳаи мактабу маорифро тақвият мебахшад. Соҳаи мазкур, ки рушд ёфт, бешубҳа, сатҳи зиндагии омӯзгорон беш аз пеш баланд мешавад. Сатҳи зиндагии омӯзгор, ки рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, мақоми омӯзгор низ дар ҷомеа баланд мешавад. Манзалати омӯзгор, ки дар ҷомеа афзуд, наслҳои оянда соҳибмаърифату тавоно тарбия меёбанд. Наслҳои оянда, ки шоиста тарбия ёфтанд, пояҳои Истиқлоли давлатӣ мустаҳкамтар мешаванд.

     Бесабаб нест, ки Сарвари давлат омӯзгоронро шаъну шарафи миллат хонданд ва ояндаи давлатро ба сатҳи маърифату фаъолияти ин қишри љомеасози кишвар вобаста дониста, чунин иброз доштанд: "Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд".

     Дар идома аз қонуне гуфтанд, ки қабули он мушкилоти поён рафтани мақоми омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистонро хотима мебахшад: "Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид".

     Ин банди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунида, чунин як масали ҷопонӣ ба хотирамон омад: "Аз муаллим ҳафт қадам дур бошед, то тасодуфан болои сояаш пой нагузоред". Умедворем, ки бо амалӣ гаштани таъкидҳои Пешвои миллат ҳарфи дар масали мазкур иброзшуда дар Тоҷикистони азизи мо низ татбиқ мешавад ва наслҳои оянда аз омӯзгорони соҳибмақом тарбияву таълим гирифта, дар самти боз ҳам рушд додани Истиқлоли давлатӣ саҳми босазо мегузоранд.

 

Садриддин Шарипов,

доктор PhD, дотсент,

мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДМИТ