Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ

     Устод Абуабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Рӯдак (Панҷрӯди ҳозираи шаҳри Панҷакент) таваллуд ёфта, айёми кӯдакӣ ва ҷавониаш дар ҳамин деҳа гузаштааст. Ӯ дар шоирӣ ва навозандагӣ ном бароварда, махсусан руд ва чангро хуб менавохтааст.

     Ҳокимони Сомонӣ овози ӯро шунида, вайро ба дарбори худ ҷалб менамоянд ва дар Бухоро истеъдоди ӯ боз ҳам сайқал меёбад. Устод Рӯдакӣ аз худ мероси адабии зиёде ба ёдгор гузоштааст, ки онро сад дафтар, иборат аз як миллиону сесад ҳазор байт низ гуфтаанд. Аммо Асадии Тӯсӣ яксаду ҳаштод ҳазор байт доштани ӯро хабар медиҳад. Вале аз ин осори гаронбаҳои шоир то имрӯз қариб ҳазор байт боқӣ мондаасту халос. Онро қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва маснавӣ ташкил мекунад.

    Устод Рӯдакӣ ҳафт маснавӣ суруда будааст, ки дар байни онҳо “Калила ва Димна” ва “Синбоднома” ҳам ҳаст. Инчунин, қасидаҳои “Шикоят аз пирӣ” ва “Модари май”-ро офаридааст.

     То соли 1940 зиндагиномаи устод Рӯдакӣ пурра омӯхта нашуда буд, зеро маводи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба тарҷумаи ҳоли ӯ хеле кам ва ноқис будаанд. Тобистони соли 1940 ҷузъи тоҷикистонии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо роҳбарии устод Садриддин Айнӣ экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намуд. Дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ қабри устод Рӯдакӣ ёфт шуд. Ҳамон сол дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” таҳти унвони “Қабри устод Рӯдакӣ ёфт шуд” мақолаи устод Айнӣ ба табъ расид. Мақола исбот кард, ки устод Рӯдакӣ фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, дар музофоти Панҷакенти қадима таваллуд ёфта, баъдҳо дар шаҳри Бухоро, дар дарбори Сомониён фаъолияти эҷодии худро давом додааст ва дар арсаи адабиёт гомҳои устувор гузошта, ба мансаби малик-уш-шуароӣ расидааст.

     Ин фикри устод Айниро доктори илмҳои таърих, профессор М.М. Герасимов, ки дар собиқ ноҳияи Колхозчиён тадқиқоти илмӣ-бостоншиносӣ гузаронидааст, тасдиқ мекунад. М.М. Герасимов дар мақолаи худ бо номи “Кофта шудани қабри Рӯдакӣ”, ки дар рӯзномаи “Коммунисти Тоҷикистон” аз 2 декабри 1956 нашр шуда буд, исбот мекунад, ки шоир кӯри модарзод набуда, балки 9-10 сол пеш аз вафоташ кӯр карда шудааст. Мо устод Рӯдакиро сардафтари адабиёти классики тоҷик мегӯем. Акнун саволе ба миён меояд, ки пеш аз устод Рӯдакӣ магар шоироне набуданд, ки сардафтари адабиёти классики тоҷик ё устоди назм гӯем. Албатта, пеш аз устод Рӯдакӣ шоирон буданд, ки онҳо барои эҷодиёти устод Рӯдакӣ заминаи назмро гузоштаанд, вале шоирони пеш аз устод Рӯдакӣ соҳибдевон набуданд ва ба таърихи адабиёт мероси адабиро монанди устод Рӯдакӣ нагузоштаанд. Ин аст, ки мо онҳоро сардафтари адабиёти классики тоҷик, устоди назм гуфта наметавонем.

     Пеш аз устод Рӯдакӣ шоирон Абуҳафси Суғдӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Шақиқи Балхӣ, Маҳмуди Варроқ, Боязиди Бастомӣ ва дигарон буданд, ки аз онҳо дар таърихи адабиёт ду-се рубоӣ ба мерос мондаасту халос.

     Аммо устод Рӯдакӣ достонҳо, қасидаҳо, ғазалҳо, қитъаҳо ва бисёр рубоиҳо навиштааст, ки дар замони худ сермаҳсултарин шоир будааст. Чӣ хеле ки Рашидии Самарқандӣ, шоири асри ХI мегӯяд:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

     Ин байтҳо шоҳиди онанд, ки устод Рӯдакӣ нисбат ба шоирони пеш аз худ зиёдтар асар эҷод кардааст. Аз ин ҷост, ки номи ӯ дар таърихи адабиёт ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс ва устоди назм боқӣ мондааст.

     Тарҷумаи ҳоли устод Рӯдакиро пеш аз ҳама хусусиятҳои эҷодии ӯ муайян мекунад. Ҳамчун шоири дарбор бештари асарҳои худро дар дарбор навиштааст, ки онҳо хусусияти таърифу тавсифӣ доштанд.

      Ҳокимонро мадҳу сано мекард, аз тарафи дигар онҳоро ба идора кардани давлат ва ба муҳофизат намудани Ватан аз ҳуҷуми душманони хориҷӣ даъват менамуд.

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Устод Рӯдакӣ накукориро беҳтарин хислати инсонӣ меҳисобид.

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

     Шоир дар баробари шеърҳои пандуахлоқӣ шеърҳои ишқӣ ҳам дорад, ки ба хонанда ғизои маънавӣ мебахшанд. Ӯ дар санъати сухан устоди мумтоз буда, ташбеҳу истиораҳоро моҳирона ба кор бурдааст. Шеъри дар васфи баҳор навиштаи ӯ шоҳиди ин даъвост:

Бихандад лола бар саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун.

Зи оби ҷӯй ҳар соат,

Ҳаме бӯи гулоб ояд.

Дар ӯ шустаст пиндорӣ

Нигори ман рухи гулгун.

    Вале зиндагии осоиштаи устод Рӯдакӣ дар дарбор дер давом намекунад. Баъд аз марги Наср бинни Аҳмади Сомонӣ дар доираи давлати Сомониён иртиҷоъ авҷ мегирад, барои соҳиб шудан ба тоҷу тахт дар байни авлодони Сомонӣ ҷангу хунрезиҳо ба вуҷуд меояд. Кушта шудани Дақиқӣ, аз дарбор пеш кардани вазири ботадбир Абулфазли Балъамӣ шоҳид ва натиҷаи иртиҷои давлати Сомониён мебошад. Соҳиби сухани ноб устод Рӯдакӣ ҳам ба шиканҷаи ин сиёсати ғайриодилонаи дарбори Сомониён гирифтор мешавад, тамоми бойигарии ӯро мусодира мекунанд ва ба чашмонаш мил кашида аз дарбор меронанд. Ӯ боз ба зодгоҳи худ деҳаи Рӯдак баргашта, аз дунё чашм мепӯшад. Осори устод Рӯдакӣ борҳо нашр гардида, писанди хонандагони сершумор гардидааст.

 

Наргис Аслонова,

профессори кафедраи забони тоҷикӣ