Мақолаҳо

УСТОД ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ АСТ
Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардори азизон.
Ба даҳри беҳудуду оламу даҳр,
Муаллим ҷамъи ахбори парешон.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани тамоми инсон устод рамзи баҳор аст.
Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд бурун гашта, оламу одамро дарк намояд. Зери ин вожаи бузург омўзонанандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гузаштагони маърифатмандамон ёдрас кардаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса доштанд ва дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана, ҳамин диди муборак то имрўз боқӣ мондааст. Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз унвонаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро ба рўяш боз мекунад. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Дар ин маврид шоири бузургвор чунин гуфтааст:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест.
Муаллим, ба қавли бузургон, муҳандиси руҳи инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Дар ин хусус Саъдии бузургвор чунин гуфтааст:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст маҳсули заҳмат ва дастранҷи заҳматталабаш бо мурури вақт барои ҷомеа шахси зарурие гаштааст.
Омўзгор, устод, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамаи норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзонандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯзонидааст. Дар ин маврид шоире гуфта:
Устод агар набошад, ақле ба сар набошад,
Дар боғи зиндагонӣ гарди самар набошад.
Бе раҳнамою раҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури басар набошад.
Хулоса, омӯзгору муаллим он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузошта истодаанд.
Қиёмиддин Ёрзода,
ассистенти кафедраи назарияи
иқтисодии ДДМИТ