Мақолаҳо

ИҚДОМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУҚОВИМАТ БО ФАСОД ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.
Имрӯзҳо мушкилоти коррупсионӣ дар дилхоҳ кишвар хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Бояд эътироф кард, ки омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонанд. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлат таъсири манфӣ мерасонад. Бояд қайд кард, ки аз ибтидои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакати мо муқовимат бо коррупсия чӣ дар системаи ҳокимияти давлатӣ ва чӣ дар қисмҳои алоҳидаи он эълон карда шудааст.
Ҳамчунин, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуда, фаъолияти он зери назорати махсуси Сарвари давлат қарор дорад.
Пaй дaр пaй қaбул гaрдидaни сaнaдҳои дaвлaтӣ, бa монaнди “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2008-2012” aз 26 янвaри соли 2008, №34, “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2013-2020” aз 30 aвгусти соли 2013, №1504 вa “Стрaтегияи дaвлaтии муқовимaт бa коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои дaврaи то соли 2030” aз 3 aвгусти соли 2021, №222 бa муборизaи беaмон вa коҳиш додaни сaтҳи афзоиши коррупсия дaр кишвaри aзизaмон зaминaи воқеию ҳуқуқӣ гузоштaнд. Ҳамзамон, бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Коррупсияи муосир шаклҳо ва хусусиятҳои гуногуни зоҳиршавӣ дошта, аз ин лиҳоз, онро метавон аз рӯи меъёрҳои зерин низ гурӯҳбандӣ намуд. Меъёрҳои нисбатан маъмули таснифи коррупсия ҷудокунӣ аз рӯи дараҷаи афзоиш, бахшҳои паҳншавӣ ва соҳаҳои фаъолият мебошанд. Чунончи, коррупсия аз рӯи дараҷаи афзоиш ба се навъ ҷудо мешавад:
1. Маҳдуд - ин навъи коррупсия асосан дар сатҳи боло маҳдуд шуда, бахшҳои васеи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро фаро намегирад;
2. Паҳншуда - ин шакли коррупсия хеле паҳншуда буда, ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад, яъне дар тасаввури онҳо ҳама кор ба воситаи ришва ҳал мешавад;
3. Харобкунанда - ин навъи коррупсия ба ҳамон сатҳе мерасад, ки метавонад сохти ҷамъиятиро хароб кунад.
Коррупсия аз рӯи бахшҳои паҳншавӣ ба коррупсияҳо дар бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷудо мешавад.
Коррупсия дар бахши давлатӣ - кирдорҳои коррупсионии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчӣёни ҳарбӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.
Коррупсия дар бахши хусусӣ аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ низ захираҳои ба онҳо тааллуқнадоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имкон доранд, ки ин ваколатҳоро бар зарари ташкилоту муассисаҳо ваба манфиати шахсии худ истифода баранд.
Аз рӯи самтҳои фаъолияти худ коррупсия ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:
1. Дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;
2. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
3. Дар соҳаи андоз ва гумрук;
4. Дар сохторҳои низомӣ;
5. Дар соҳаи тандурустӣ;
6. Дар соҳаи маориф;
7. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
8. Дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.
Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат бокоррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат бокоррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Се санади барномавии дурнамо, аз ҷумла принсипҳои асосии Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд:
- қонуният;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- ба назар гирифтани афкори ҷомеа;
- эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи маҷмуи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.
Мубориза ва муқовимат бо фасод,ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ва решакан намудани он борҳо Роҳбарияти Олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид карданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия бояд дар қонунгузории ҷиноӣ ва маъмурӣ ба таври пурра ҷой дода шавад. Зеро ҳолатҳои коррупсионӣ дида мешавад, ки он ба ҷазои ҷиноӣ рост наомада, барои ин гуна ашхос ҷазои маъмурӣ таъин намуда, аз вазифаи хизматӣ озод карда мешаванд. Мо дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионидошта бояд аз иштироки васеи аҳолӣ,ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма васеъ истифода намуда, оқибатҳои ин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро ба шаҳрвандон фаҳмонем.
Боиси қайд аст, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия, заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат боон кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро бе надоштани донишҳои сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа муваффақ шудан ба мубориза бо коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ ғайриимкон аст.
Хулоса, мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд, баҳри зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
Акрамҷон Мирзоев, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ