Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ЗАБОНИ МОДАРӢ ШАҲДИ ЗИНДАГИСТ!


“Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худфурӯзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


Забони модарӣ барои ҳар шахс муқаддас ва азиз аст. Инсон ҳанӯз дар айёми тифлӣ ва нав ба олами ҳастӣ омадан, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ суруда мешавад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад.

Зеро аҷаб ҳаётбахш ва умедбахши зиндагист садои форами аллаи модар, ки бевосита бо забони модарӣ сурат мегирад. Маҳз, дар ҳамин давраи ҳассоси кӯдакӣ зери навои аллаи модар инсон аввалин суханҳоро меомӯзад. Мо миллати сарафрозем, ки бо забони бузургону шаҳсутунҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлонои Балху Бедил, Айниву Турсунзода, Лоиқ, Қаноат ва садҳо абармардони арсаи эҷод ва нангу ном сухан мекунем, ки он забони шевову гуворои тоҷикист ва ба ин васила моро дар арсаи олам мешиносанд.

Мо бояд аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии аҳли илму адаби миллатамон, ки бо ин забони нобу шево бароямон мерос гузоштаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои тамаддуниву фарҳангии давлати соҳибихтиёру дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври  самарабахш истифода намоем.

Ин забонест, ки тавассути шири поки модар ба мо расидааст:

Забон ояд ба кас бо шири модар,

Аз ин рӯ асли ҷон аст, асли ҷон аст.

Забони тоҷикиро аксарияти олимону шоирон ва муҳаққиқони барҷастаи олам хуш пазируфта, онро ҳамчун ширинтарин забон эътироф кардаанд.

Хушбахтона, имрӯз ҳам ин забони муқаддасро ҷаҳониён чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва баҳри омӯзиши он ҷаҳду талош мекунанд. Инро мо соҳибзабонон дидаву шунида баҳри рушду такомул ва поку беолоиш нигоҳ доштани он  ҳиссагузор бошем. Ҳар як инсон барои омӯхтани забони дигар, бояд забони модарии худро хуб донад ва омӯзад. Воқеан, агар кас забони модарии хешро донад, омӯхтани дигар забон барояш осон мегардад, чунон ки шоир гуфтааст:

Ҳар кас ба забони зуд сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ё ба ибораи дигар:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд. 

     Дар ҳақиқат, надонистани забони модарии хеш ин як навъ хиёнат ба Ватан ва модари хеш аст.  Чун забоне, ки мерос аз гузаштагон ва мероси ирсии модар ба фарзанд аст, пос доштани он рисолати ҳар яки мову шумо аст.

     Дар Тоҷикистони маҳбуби мо забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ эътироф гардида, он дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал  мекунад.

     Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пуштибон ва посдорандаи забони модарии мо ҳастанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.

     Хулоса, забони модарӣ шаҳди зиндагӣ аст ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухони мо ҷойгир гардидааст. Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони модарии мо бори дигар моро водор месозад, ки ба гузаштаи боифтихори хеш нигоҳҳои худогоҳонаю худшиносона афканему баҳри аз худ намудани нозукиҳои забони давлатиамон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Аз ин лиҳоз, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин месозад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забон ва ба наслҳои пасин мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳақ ба ҷониби шоири зиндаёд Лоиқ Шералист, ки фармудааст: “Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буду ҳаст”.

     Имрӯз забони модарии мо по ба пойи истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин раванд моро водор менамояд, ки  барои андешидани иқдоми нав барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ  дар аснои ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ  саъйю кӯшиш намоем. Дар чунин шароит ҳифз намудани забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар як фарди худшинос аст.

     Бинобар ҳамин,  омӯхтану донистани забони модарӣ барои ҳар як шахс шарт ва зарур аст, вале дар баробари ин, тоза нигоҳ доштани он низ аз мо - соҳибзабонон масъулият мехоҳад.Дар охир мехоҳам таманниёт ва ифтихормандии худро бо як шеъри баландмазмуни устоди зиндаёд Муъмин Қаноат баён дорам:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

 

Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи соли дуюми факултаи

иқтисод ва идораи давлатии ДДМИТ