Мақолаҳо

НАҚШИ МОНДАГОРИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ МАОРИФ
Омӯзгорони мо бояд, пеш аз ҳама, ба номи баланди муаллим, яъне шахси соҳибилм ва таълимдиҳандаву тарбиятгар содиқ бошанд ва хуб дарк намоянд, ки онҳо ду рисолат доранд, яъне ҳам меомӯзанд ва ҳам омӯхтаҳои худро ба шогирдонашон меомӯзонанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули шахсият ва ҷойгоҳи ӯимконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин омӯзгор ба ҳайсинеруи ақлонӣва омили муҳими пешрафту такомули ҳамаи самтҳои афзалиятноки давлату ҳукуматпазируфта ва эътирофшуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз аввалин қадамҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маорифгузошт, ин марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳ ва мақоми омӯзгор буд.
Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд.
Аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор додани соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор сатҳиву таваккалӣ набуда, он реша дар сиёсти давлати тамаддунофар ва куҳанбунёд будани тоҷикон дорад. Зеро дар мабнои таърих маорифпарвариву фарҳангофарии миллати мо сиёсати меҳварии собитшудаест, ки онро метавон тӯли садсолаҳо дар осори пурғановати классиконамон, ки муаллимони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанду то ҳанӯз банӣ башар аз рӯи осори офаридаи онҳо сабақ мегирад, пайдо кард.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дошта, нақши омӯзгор дар радифи намояндагони дигар касбу пешаҳо барои то ба имрӯзу ин сатҳ расидани миллати тоҷик басо бузург буда, ояндаи неки ҷомеа ба пешравӣ ва рушду такомули соҳаи маориф пайванди ногусастание дорад. Зеро рушди фарҳангу маънавиёт ва тарбия намудани ворисони ҳақиқии давлату миллат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва заҳмати содиқонаи устоду омӯзгор вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, Рӯзи омӯзгор – ин танҳо як сана дар тақвим нест, балки рӯзи бедории виҷдони ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки дар рушду пешрафти миллат саҳми бузург доранд. Зеро омӯзгорон ҳамчун роҳнамоёни ҳақиқии роҳи илму маърифат сазовори эҳтироми ҷовидонаанд.
Имрӯз Рӯзи омӯзгор, ки мо – тоҷикистониён ҷашн мегирем, дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун ҷашни муҳим пазируфта шуда, дар кишварҳои мухталиф бо санаҳои гуногун таҷлил мегардад. Ба таври махсус, рӯзи байналмилалии омӯзгор санаи 5 октябри соли 1994 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бевосита интихоб шудани рӯз бо қабул шудани «Тавсиянома оид ба вазъи омӯзгорон» мебошад - санади муҳимтарин дар таърихи ҷаҳонӣ, ки мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгоронро танзим мекунад, аз аҳамияти холӣ нест.
Ҳадафи аслии ин рӯз қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои волои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва таъмини дастгирии ниҳодҳои давлатӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад.
Ба ин минвол, агар ба масъала амиқтар фурӯ равем, дар замони муосир, вақте ки ҷаҳон босуръат пеш меравад ва иттилоот ва технологияҳо ҷойгоҳи калидӣ пайдо мекунанд, нақши омӯзгор боз ҳам аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар ин шароит омӯзгор на танҳо ба донишҳои академӣ диққат медиҳад, балки кӯшиш мекунад, ки насли ҷавонро ба фикрҳои созанда, масъулиятшинос, ватандӯстона ва озодандешона тарбия намояд.
Имрӯз сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башарӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шуда, бо дарназардошти вазъи кунунӣ омили муҳимтарини амнияти миллист. Зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммал дошта, касбу пешаҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Вақте мо мегӯем, “Омӯзгорӣ вазифа нест, рисолат аст”, ин маънои онро дорад, ки омӯзгор вазифадор ба иҷрои корҳои маъмул нест, балки ӯ барои иҷрои як вазифаи маънавӣ ва ахлоқӣ талош мекунад. Рисолати омӯзгор дар он аст, ки шахсияти ҷавонро ба сӯи камолот, дониш ва маърифат роҳнамоӣ кунад. Ин рисолат танҳо бо омӯзиши доираи муайяни фанҳои таълимӣ маҳдуд намешавад, балки ба тарбияи ахлоқ, эътиқод, меҳанпарастӣ ва худшиносӣ низ масоҳати бештарро ишғол мекунад.
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш бобати баланд бардоштани рисолати омӯзгор таъкидҳои махсус намуда, онро ҳамчун омили муҳими рушди ояндаи ҷомеа арзёбӣ намуданд. Воқеан имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.
Мутмаинам, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ки мунтазам ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва нақши онҳо дар рушди нерӯи инсонӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд, дар баробари ин, ҷавобан ба ин дастгириҳо устодону омӯзгорон низ масъулиятро дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, роҳандозии усулҳои интерактивии омӯзишни донишҳои муосир ва мутобиқсозии донишҳои андӯхта ба бозори меҳнат афзун менамоянд.
Фирӯз НАСРИДДИНОВ,
полковники Хадамоти гумрук,
профессори кафедраи “Назарияи
иқтисодӣ”-и ДДМИТ