Мақолаҳо

МАЪРИФАТНОКИИ ҶАВОНОН ОМИЛИ МУҲИМТАРИН ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро гаравидани иддае аз афрод, бахусус ҷавонон, сахт ба ташвиш овардааст. Зеро ҷавонон, ки ояндаи ҳар як халқу миллат ҳастанд, метавонанд барои ҷомеаи мутамаддин беш аз ҳама саҳмгузор бошанд. Аммо барои ин, пеш аз ҳама, донишу маърифати баланди ҷавонон зарур аст, то онҳо барои пешрафти иқтисодиёт, сиёсат, технология ва амсоли ин саҳмгузор бимонанд. Аммо имрӯз як қатор ҷавонон аз сабаби камфарҳангиву маърифати паст ва наомӯхтани илму дониш фирефта ва қурбонии чунин гурӯҳҳои тундраву инфиротгаро мегарданд, ки дар ин қатор ҷавонони тоҷик низ истисно нестанд.
Аксари коршиносону донишмандон ба чунин гурӯҳҳо гаравидани ҷавононро ба чандин омилҳо вобаста медонанд. Аммо, ба андешаи ин ҷониб, сабаби асосии он, пеш аз ҳама, камфарҳангиву маърифати пасти онҳост, ки онҳо тез ба доми чунин гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида меафтанд.
Имрӯз то як андоза аз адабиёт, бахусус, адабиёти оламшумули классикӣ ва муосири тоҷик дур мондани ҷавонон боиси паст шудани фарҳангу маънавиёти онҳо гардидааст. Зеро адабиёти бою ғании мо, ки саропо панду андарзу ахлоқ аст ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад, метавонад ҷомеаи моро дар роҳи беҳтарин фазилати инсонгароӣ тарбия намояд. Асарҳои бешуморе, ки аз ҷониби бузургтарин адибони мо таълифу эҷод гардидаанд, ҳамеша чунин амалҳои пасти инсониро маҳкум намудаанд. Ҳанӯз сипаҳсолори адабиёти форсии тоҷикӣ, Одамушуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асрҳои lX–X мелодӣ гуфта буд:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромуш-т.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Ба ҷуз ин, шоир дар саропои ашъораш ҳамеша некию некукорӣ, хираду дониш ва умуман, беҳтарин хислатҳои инсониро тарғиб намуда, баръакс, ҷангу фитна, куштору ғавғоро чун кори бехирадон талқин менамояд.
Шоири дигари бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ Абулқосим Фирдавсӣ низ аз зумраи он суханваронест, ки ашъори ӯ моломол аз панду андарзҳои рӯзгор аст. «Шоҳнома»-и эҷоднамудаи шоир яке аз шоҳкориҳои бузурги адабиёт буда, дар қатори беҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳонӣ қарор дорад. Шоир дар ин асари машҳури худ ҳамеша қатлу куштори мардуми мазлуму бегуноҳро маҳкум намуда, тамоми инсонҳоро ба сӯйи хираду накукорӣ даъват месозад.
Ба андешаи шоир кас бо фаро гирифтани маҷмуи сифатҳои нек инсон хирадманд мешавад ва маҳз бо ҳамин сифатҳои хеш аз тамоми мавҷудоти олам боло меистаду фарқ мекунад. Ва дар ин бора барҳақ шоир зикр мекунад:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад раҳнамову хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Дарвоқеъ, донишу хирад инсонро арҷманду тавоно мегардонад ва инсони хирадманду доно ҳаргиз ба амалҳои пасту нангин даст намезанад. Шоир дар симои қаҳрамонони асараш беҳтарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст.
Шоирони дигари машҳури тоҷик Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ ва амсоли инҳо низ дар ашъорашон ҳамеша ростиву росткорӣ, ҳисси меҳру муҳаббат ба ҳамдигар, дӯстиву эҳтироми байни инсонҳоро ҳамеша тарғиб намудаанд. Аз ҷумла, чанд шоҳбайти устод Саъдиро метавон мисол овард, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд:
Бани одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Саъдӣ ҷосусӣ ва хиёнат ба ватанро бадтарин амали инсонӣ мешуморад ва ба ин хусусияти қабеҳтарини одамони нопок нафрат мепарварад. Дар ҳақиқат, ашъори шоирони гузаштаву муосири мо, ки асарҳои мондагоре эҷод намудаанд, дар ашъори хеш ҳамеша қатлу хунрезӣ, бадиву бадкирдорӣ барин хислатҳоро мазаммат намудаанд. Масалан, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки он қариб ба 160 забони дунё тарҷума ва нашр гардидааст, худ гувоҳи он аст, ки дар он андешаҳои баланди инсонгароӣ матраҳ гардидаанд. Пеш аз ҳама, дар ашъори шоир андешаҳои гуманистӣ (инсондӯстӣ) мавқеи хеле муҳим доранд, ки шуҳрати шоирро боз ҳам афзун менамоянд. Ин аст, ки намояндагони тамоми халқу миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои гуногун ба Ҷалолиддини Балхӣ назари ниҳоят неку самимӣ доранд. Саропои ашъори шоирро андешаҳои фароху баландмазмун, пеш аз ҳама, талқини меҳру муҳаббати инсондӯстӣ, мазаммати қатлу куштору хунрезӣ ва монанди инҳо фаро гирифтааст.
Дар меҳвари эҷодиёти шоир, пеш аз ҳама, инсон меистад. Яъне, шоир даъват мекунад, ки мо бояд инсонҳоро ба миллату дину мазҳабҳо тақсим накунем. Ҳама инсонҳо дӯсту рафиқу бародар бошем. Шоир мегӯяд:
Дӣ шайх дидам ҳамегашт бо чароғ,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Ё ҷойи дигар мегӯяд:
Аз оташи нопайдо дорам дили бирёне,
Фарёд, мусулмонон, аз дасти мусулмоне!
З-ин фитнаву ғавғое оташ зада ҳар ҷойе
В-аз оташу дуди мо бархоста айвоне.
Ҳамин гуна ашъори маҳкумкунандаи амалҳои нопоки инсонӣ дар эҷодиёти шоирони адабиёти форсии тоҷикӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ашъори шоирони дигари машҳури тоҷик, аз қабили Ҳофизи Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддини Шоҳин ва бисёр дигарон масъалаи қатлу куштор, инсонбадбинӣ, кинаву хусумат нисбати намояндагони адёну мазҳабҳои дигар ҳамеша маҳкум гардидааст.
Хулоса, ҳар фарди огоҳ, шахсе, ки ба адабиёти оламшумули мо ошноӣ пайдо мекунад, аз чунин амалҳои баду нангин, ба монанди ифротгароиву терроризм, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, парҳез менамояд. Алалхусус, ҷавонон баъд аз мутолиаву ошноӣ ба адабиёти бою бисёр ғаниамон ба чунин роҳҳои бад ҳаргиз намераванд.
Боиси хурсандист, ки чанд сол боз инҷониб бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” амал менамояд ва барои ғолибон маблағҳои хеле хуб низ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ба адабиёт рӯ овардани ҳар шахс ӯро ба сӯйи хираду равшанӣ раҳнамоӣ мекунад.
Илҳомиддин Мирзоев,
муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ