Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

НАСИРУДДИНИ ТЎСӢ – НУҶУМШИНОСИ БАРҶАСТАИ ШАРҚИ ИСЛОМӢ

      Мардуми тоҷик дар таърихи чандин ҳазорсолаи худ на танҳо замини худро аз ишғолгарони аҷнабӣ ҳифз намуд, инчунин бузургонеро ба воя расонд, ки бо шоҳасарҳо ва кашфиёти безаволи хеш хазинаи тамаддуни ҷаҳонро ғанӣ гардонданд.

         Баъд аз ҷорӣ шудани дини ислом дар Мавароуннаҳру Эрон, махсусан аз асри IX сар карда, инкишофи илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзиёт (математика) ва нуҷум (астрономия) дар баробари адабиёти нафиса ба пояи баландтарини худ расид.

         Ин якчанд сабабҳои худро дошт. Аввал, дини ислом бар хилофи динҳои яҳудию насронӣ таълим ва такмили илмҳои дунявиро ҳақ мешуморид. Ҳамин буд, ки дар мадрасаҳо ба қатори Қуръон ва қонунҳои шариат илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҳайат, кимиё, таърих, тиб, ҷуғрофия ва ғайра омўзонда мешуд.

         Дуюм, дар ислом донистани вақти намозгузорӣ ва дуруст муаяйн намудани ҷониби Каъба фарз буд. Аммо вобаста ба фаслҳои сол дар минтақаҳои гуногун вақт тағйир меёфт, бинобар ин, зарурати тартиб додани ҷадвалҳои астрономӣ ба миён меомад. Донишмандон дар расадхонаҳо хосияти сайёраҳою ситораҳоро омўхта, ченкуниҳо мегузарониданд. Харитаю глобусҳо сохта, координатаҳои ҷуғрофӣ (арзу тўл)-и маҳалҳоро дар онҳо нишон медоданд. Ин тадқиқот боиси ташаккул ёфтани илмҳои астрономия, космография, арифметика ва пайдоиши илмҳои тригонометрия ва геодезия гардиданд.

         Сеюм, дар асрҳои IX-XI дар Мовароуннаҳр шоҳони адолатпеша, аз ҷумлаи Исмоили Сомонӣ, Ал-Маъмун, Маъмуни II, Нуҳ ибни Мансур, Нуҳи II ибни Мансури I, шоҳи салҷуқӣ Ҷалолуддини Маликшоҳ ба қудрат омаданд ва ба онҳо А. Ҷайҳонӣ, А. Балъамӣ, Низомулмулк барин вазирони хирадманд ёварӣ менамуданд. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи онҳо дар шаҳру вилоятҳо академияҳои илмӣ, ҷамъиятҳои адабию маърифатӣ ва расадхонаҳо бунёд гардиданд, ки беҳтарин адибон ва донишмандони соҳаҳои гуногун дар он ҷо фаъолият ва корҳои тадқиқотӣ мебурданд. Ҳамин буд, ки маҳз дар асри IX илми алгебра (алҷабр) чун як фасли мустақили риёзиёт арзи ҳастӣ кард ва асосгузори он риёзидони тоҷик Муҳаммад Ал-Хоразмӣ дониста шудааст. Бинобар ин, муаррихони муосир асрҳои IX-XII-ро «Асрҳои тиллоӣ»-и Шарқи исломӣ номидаанд.

         Комёбиҳо дар адабиёт, тиб, мусиқӣ, таърих, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, фалсафа, набототшиносӣ ва ғайра низ назаррас буд. Аз он тавлиди шоҳасари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Ал-Қонун», «Шифо» ва «Наҷот»-и Абуалӣ ибни Сино, «Осор-ул-боқия»-и АбурайҳониБерунӣ, шеъру қасидаҳои Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, рубоиёти Умари Хайём, «Таърихи Табарӣ»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ ва садҳо асарҳои илмию бадеии пурарзиши донишмандон ва адибони он давра далолат медиҳанд.

Аз асри XIII сар карда, инкишофи илм дар сарзамини Мовароуннаҳр дар натиҷаи тохтутозҳо ва ҳуҷумҳои пай дар пайи муғулҳо коҳиш ёфт. Ба ин вазъият нигоҳ накарда, донишмандоне буданд, ки корҳои тадқиқотӣ мебурданд. Яке аз намояндагони ин давра риёзидон, ситорашинос ва файласуфи форсу тоҷик Насируддин Абуҷаъфари Тўсӣ мебошад, ки асосгузори тригонометрияи Шарқи Исломӣ дониста шудааст.

Насируддин Абуҷаъфари Тўсӣ соли 1201 дар шаҳри бостонии Тўс ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш аз падар ва амакаш гирифта, баъд барои идомаи таҳсил ва мукаммал намудани дониш ба шаҳри Нишопур меравад. Дар синни 30-солагӣ Насируддини Тўсӣ ба дарбори Носир роҳ ёфта, дар он ҷо асари машҳури худ «Ахлоқи Носирӣ»-ро таълиф менамояд. Насируддини Тўсӣ соли 1228 баъди тохтутози муғулҳо ба Кўҳистони Эрон фирор намуда, то соли 1255 дар он ҷо паноҳ мебарад. Пас аз забт шудани Кўҳистон аз тарафи хони муғул Ҳалокухон Насируддини Тўсӣ ба хизмати хон гузашта, соли 1259 дар наздикии шаҳри Табрез расадхонаи Мароғаро таъсис медиҳад. Дар он ҷо Насируддини Тўсӣ дар ҷамъ овардан ва тарбия намудани ходимони илмӣ, такмилу инкишофи асбобҳои нуҷумшиносӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар бораи аҳамияти сохта шудани расадхонаи Мароға муаррихи тоҷик Х.Ф. Абдуллозода дар китобаш “Абуҳомиди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик» чунин навиштааст: «Асри ХIII ниҳоят давраи муҳиме дар таърихи расадхонаҳо буд. Сохта шудани яке аз калонтарин расадгоҳ дар шаҳри Мароға маҳз ба ҳамин давра рост меояд. Ин расадхона, ки асоси маркази илмии Мароға буд, тули беш аз 60 сол арзи вуҷуд дошт ва ҳатто, пас аз фавти асосгузори худ Насируддини Тўсӣ низ амал мекард».

Насируддини Тўсӣ тамоми барномаҳои мушоҳидаҳои астрономиро дар расадхонаи Мароға роҳбарӣ намуда, аз рўйи мушоҳидаҳои худ асари «Зичи Элхонӣ»-ро офарид. Асар асосан бо забони форсӣ навишта шуда, яке аз асарҳои пурарзиши астрономӣ ва ҷуғрофии он замон ба ҳисоб мерафт.

Қисми аввали «Зичи Элхонӣ» солномаи халқҳои гуногун, асосан солномаи хитойиҳо, уйғурҳо, яҳудиён ва тақвими арабҳоро дар бар мегирад. Муҳаққиқи озарбойҷонӣ Г.Д. Мамадбейлӣ соли 1946 дар навиштаҳои худ зери унвони «Аз таърихи расадхонаи Мароға» гуфта буд: “Колумб дар кашфиёти Америка маҳз ҷадвали ҷуғрофии Насируддини Тўсиро истифода намудааст”. Дар боби 15-уми ин асар ҷадвали 256 нуқтаҳои аҳолинишини Мовароуннаҳр нишон дода шудааст. «Зичи Элхонӣ» ба забони лотинӣ тарҷума гашта, соли 1652 дар Лондон ва соли 1711 дар Оксфорд нашр шудааст.

Шарқшиноси барҷастаи рус, академик В.В. Бартолд хидмати барҷастаи Насируддини Тўсӣ ва дигар олимони он замонро эътироф карда, навиштааст: «Ғайр аз қайдҳои шахсии ҷуғрофӣ олимони Шарқ қоидаҳои ҷуғрофӣ ва сабтҳои ҷадвали номиро тартиб додаанд, ки ҷойҳои аҳолинишинро бо дарозию бар дар бар мегирифт». Аз ин мебарояд, ки Насируддини Тўсӣ аввалин шуда дар тадқиқоташ системаи координатиро истифода бурдааст, ҳол он ки риёзидони аврупоӣ Декарт дар асри XVI дар бораи ин масъала тадқиқот бурдааст.

Насируддин Абуҷаъфари Тўсӣ соли 1274 дар шаҳри Бағдод аз олам даргузашт.

Хидмати барҷастаи Насируддини Тўсӣ дар он аст, ки назарияи геосентрии Батлимусро дар асоси таҷрибаҳои расадӣ такмил дод ва расадхонаи ӯ - Мароға, ҳамчун намунаи беҳтарини расадхонасозӣ дастраси олимони Аврупо гардид.

Аз таълифоти илмии Насируддини Тўсӣ донишмандони маъруфи Аврупо Галилео Галилей, Коперник ва Кеплер истифода бурда, дар илми нуҷум (астрономия) кашфиёти беназир карданд.

Дар ин давра илми нуҷум дар миёни донишмандони форсу тоҷик маъруфу писандида буд. Тадқиқотчии тоҷик Т. Собиров дар китоби худ «Инкишофи математика дар Осиёи Миёна» навиштааст: «Риштаи тараққию инкишофи минбаъдаи ин фан боз ҳам бештар ба ихтиёри донишмандони тоҷики қисмати Эронзамин, яъне Мовароуннаҳр дода шуд, ки дар навбати худ, чун ҳамешагӣ, боз ба кулли сарзамини бузурги аҷдодӣ пешрафтҳои илмии хешро интиқол доданд, дар натиҷа, боз донишмандон - мунаҷҷимони маъруфи дигаре зуҳур карданд».

Донишманди асри XIX Браунмюл асарҳои доир ба риёзиёт ва нуҷум навиштаи ал-Боттанӣ (850-929), Абдулвафо (940-998), Насируддини Тўсӣ (1201-1274) ва ғайраро омўхта, навиштааст: «Насируддини Тўсӣ зиёда аз 200 сол пеш аз Региомонтан (1436-1476) баъзе мафҳумҳои мусалласот (тригонометрия)-ро ихтироъ кардааст. Насируддини Тўсӣ дар роҳи илму дониш кашфиёти зиёдеро ба анҷом расонид, ки имрўз ҳам қимати илмию амалии худро гум накардаанд».

«Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам», гуфтани олими забардаст Насируддини Тўсӣ маънои онро дорад, ки роҳи дониш беохир аст, вале рисолаю тазкираҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ӯ ба мо мерос гузошт, сарчашмаи асосии пешрафти илмҳои астрономия, ҷуғрофия, тригонометрия ва фалсафа чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб гардидаанд.

 

Абубакр Кабиров, н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ