Мақолаҳо
ПАЁМАДҲОИ НОГУВОРИ ТЕРРОРИЗМ
Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зуҳури равияву ҳаракатҳои ифротии террористӣ мебошад. Дарвоқеъ, пайдоиши ин гуна гурӯҳҳо таърихи қадим дошта, дар замони муосир шаклу ҷилои гуногунро касб кардаанд ва бо роҳу воситаҳои мухталиф дар ҷаҳон паҳн гардидаанд. Мавҷудияту амалиёти онҳо ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Инҳо зуҳуроти зиёновар ва номатлуб буда, бо амалҳои даҳшатафкану ғайриинсонӣ дар муқобили сулҳу салоҳ, ваҳдат, амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ҳар як кишвар қарор гирифтаанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад ва он метавонад амният ва сулҳу салоҳи ҳар як кишварро аз байн бурда, онро ба кишвари ҷангзадаю ақибмонда табдил диҳад ва ба раванди рушди босуботи кишвар монеа эҷод намояд».и
Терроризм зуҳуроти ба ҷомеа хатарнок буда, мақсади аслиаш бо роҳи террор аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, дар ҳарос мондани мардум, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои динию миллӣ ва амалҳои дигар мебошад, ки пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунанд. Бахусус, фаъолияти ин гурӯҳҳо дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин, ки аз қатлу куштор, ваҳшоният, тарконидани муассисаҳои динию таълимӣ ва ғайра иборат аст, исботи гуфтаҳои болост. Гурӯҳҳои ифротгарову террористї дар зери ниқоби ғазавот иддае аз ҷавонони дур аз донишҳои динию дунявӣ ва тафаккури паст доштаро мағзшӯӣ ва гумроҳ карда, ба сафи худ ҷалб месозанд. Хусусан, айни ҳол аз рушди бемайлони технология истифода карда, ба василаи он бо роҳу равиши зиракона афкори ҷавонони зиёдеро аз нуқоти гуногуни олам тағйир дода, ононро ҳамрадифи хеш месозанд. Аз ин ҷост, ки тайи даҳсолаҳои охир шумораи равияву ҳаракатҳои ифротию террористӣ афзуда, майдони амалиётии онҳо васеъ гардида истодааст.
Воқеъбинона, бояд гуфт, ки зуҳури гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ кори созмонҳои бонуфузу баъзе аз давлатҳои манфиатҷӯи Ғарб буда, аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ карда мешаванд ва сиёсати геополитикии он кишварҳоро дар амал татбиқ мекунанд. Рушду нумӯи кишварҳои мусалмонӣ, ки аз газу нафт ва дигар ашёи хоми қиматбаҳо бой аст ва ҳамчунин, боло гирифтани нуфузи кишварҳои мусулмоннишин ҳеҷ гоҳ ба манфиати кишварҳои абарқудрати Ғарб нест. Онҳо мехоҳанд кишварҳои мусалмоннишинро бо ихтилофи диниву мазҳабӣ ноором намоянд ва сарвати онҳоро рабуда, пойбанди сиёсати пешгирифтаи худ созанд. Бинобар ин, онҳо ин гуна ҳаракатҳоро созмон дода, барои иҷрои аҳдофи худ аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Дастгирии гурӯҳҳои террористӣ, аллахусус гурӯҳи ифротию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва паноҳандагӣ додани сарварони онҳо ва ё ба харобазор табдил додани кишварҳои соҳибтамаддун, дар мисоли Сурия, Ироқ, Ливия исботи андешаҳои болост. Пешвои миллат низ дар ин маврид таъкид намудаанд: «Бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтанд. Дар натиҷа, терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ карданд».
Қайд намудан зарур аст, ки гурӯҳҳои ифротгарову террористї амалҳои ваҳшиёнаи худро аз номи дини мубини Ислом иҷро намуда, исломро чун василае барои иҷрои ҳадафҳои ғаразноку нопоки худ истифода мебаранд, аммо, дар асл, тамоми амалу рафтор, гуфтору кирдори онҳо хилофи Ислом аст. Ислом қатлу куштор, ваҳшоният, тарконидани муассисаю дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳоро сахт маҳкум карда, баръакс сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкорию созандагиро таблиғ менамояд. Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳои зиёди ифротию террористие ба монанди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Ихвон-ул-муслимин», «Боко ҳарам» ва амсоли инҳо дар ҷаҳон, хусусан кишварҳои исломї, фаъолият мекунанд, ки аз номи ислом баромад намуда, исломро доғдор месозанд, ҳол он ки амалҳои анҷомдодаи онҳо на решаҳои ахлоқӣ доранду на решаҳои инсонӣ. Мутаассифона, тавассути амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, ки иборат аз қатлу куштор, тарконидани ҷойҳои ҷамъиятӣ, одамрабоӣ, зўроварӣ, дуздию ғорат ва амсоли инҳост, дар кишварҳое чун Афғонистон, Сурия, Ливия, Ироқ, Яман, Нигерия ва ғайра ҳазорҳо ҳазор одами бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, миллионҳо одам гуреза, садҳову ҳазорҳо одам бесарпаноҳ монда, роҳу пулҳо хароб ва шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтаанд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ амалу рафтори ҳама гуна гурӯҳҳои ифротию террористиро, ки мақсадашон ноором сохтани ҷомеа мебошад, кирдори ғайриинсонӣ номида, бар зидди ин гуна ҳаракатҳои ҷудоиандоз пайваста мубориза мебарад. Бо ташаббуси Сарвари давлат чандин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм дар Душанбе баргузор шуд, ки ҳадаф аз он муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин ҳаракатҳои тундрав мебошад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар ҳамаи тадбирҳои байналмилалӣ барои решакан кардани терроризм фаъолона ширкат менамояд ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои тундгароро яке аз аҳдофи худ мешуморад. Пешвои миллат оқибатҳои манфии экстремизму терроризро ба ҷаҳониён фаҳмонида, дар яке аз ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуданд, ки «... ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳељ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад» ва вобаста ба ин изҳор доштанд, ки «... танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад».
Ҳамин тариқ, бояд таъкид намуд, ки терроризм зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хавфнок мебошад, ки ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагии ҳар як давлату миллат хатар эҷод намуда, метавонад амнияти ҳар як кишварро аз байн барад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ вусъат пайдо намуда, техникаву технология бо суръати кайҳонӣ рушд дорад ва гурўњњои манфиатҷӯ аз ин тамоюл хуб истифода мебаранд, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надода, ба қадри сулҳу ваҳдат, амният ва оромии кишвари азизамон бирасем ва дар канори Пешвои худ боз ҳам муттаҳид гашта, садоқатмандона ба ин миллату давлат хизмат намоем. Ин василаи ягонаест дар ҳифзи сулҳу субот, амният ва рушду тараққиёти минбаъдаи Ватани азизамон - Тоҷикистон.
Маҳтоб Ҳамидова, муаллими калони кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
