Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ЯКЕ АЗ ҶАРАЁНҲОИ ТУНДГАРОИ ИСЛОМ БО НОМИ РАВИЯИ ХАВОРИҶИҲО

      Баъд аз вафоти Пайғомбари дини мубини ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) (570-71-632) дар байни пайравонаш баҳсҳои тунду тезе дар мавзуи интихоби ворис ё ҷонишини Пайғомбар ба вуҷуд омад. Сабаби асосиаш дар он буд, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) дар замони қайди ҳаёт буданаш ғайричашмдошт бемор шуда, имконияти эълон кардани вориси худро надошт. Ин воқеаи нохуш яке аз сабабҳои асосии нофаҳмиҳо дар байни уммати ислом шуд. Пас аз марги Пайғомбар пайравонаш дар атрофи Абубакру Умару Усмону Алӣ ва ҳокимони қабоили арабии шаҳри Мадина (Ясриб) ҷамъ шуданд. Намояндагони ин се гурӯҳ даъвои онро доштанд, ки ҷонишини Пайғомбар аз миёни онҳо интихоб карда шавад. Ё ин ки ҳар яке аз ин гурӯҳ аз миёни худашон барои худ халифае интихоб кунад. Умар бар зидди ин кор баромада, бо миёнаравии худ ҳокимони Мадинаро водор намуд ба Абубакр байъат кунанд. Бо ҳамин роҳ халифаи авалини мусулмонҳо Абубакри Сиддиқ (632-634) шуд. Пас аз марги Абубакр Умар (634-644) интихоб шуд, пас аз кушта шудани Умар аз ҷониби осиёбон ё ҷувозкаш Дайлами Фирўз Усмон (644-656) таъин шуд. Пас аз кушта шудани Усмон аз ҷониби яке аз намояндагони навмусулмонони Ироқ, Шом (Сурия) ва Миср Кинан ибн Бишр ат-Туҷиби Алӣ (644-656) шуд. Дар замони хилофати Алӣ ду гурўҳи мухолиф бо роҳбарии духтари Абубакр Ойиша ва яке аз хешони наздики Усмон ҳокими Шом (Сурия) Муовия баромад. Муовия тарафдорони Алиро дар куштори Усмон гунаҳкор карда, аз Алӣ хоҳони ҷазо додани ин афрод шуд, аммо Алӣ ин корро накард, дар натиҷа, дар байнашон душманӣ ба вуҷуд омад. Дар яке аз муҳорибаҳо Алӣ ҷонибдорони Ойишаро торумор намуда, худи Ойишаро асир гирифта, фармон медиҳад ба хонаи худи Ойиша барад. Дар миёнаи солҳои (656-658) дар миёни қўшуни Алӣ ва Муовия ҷангҳои шадид мешавад, ки ду сол давом мекунад. Дар яке аз муҳорибаҳо, ки қушуни Муовия мағлуб шуда ақибнишинӣ мекунад, Муовия бо маслиҳати машваратчиёнаш ба аскаронаш фармон медиҳад, ки варақҳои Қуръони каримро канда дар нўги найзаҳояшон гирифта, ба ҷониби қушуни Алӣ ҳуҷум кунанд. Ин ҳолатро Алӣ дида, ба қўшунаш фармони бас кардани ҷангро дод. Дар натиҷа, дар байни қўшуни Алӣ ва Муовия сулҳ баста мешавад. Муовия ҳукумати худро дар Димишқ нигоҳ медорад. Баъди баста шудани сулҳ дувоздаҳ ҳазор нафар аскар аз сафи қўшуни Алӣ ҷудо шуда, яроқи худро бар зидди Алӣ равона карда, Алӣ ва Муовияро кофир хонда, аз миёни худашон халифа интихоб мекунанд. Марказашон дар наздикиҳои рўди Наҳованд ва собиқ маркази Сосониён - Мадоин ҷойгир буд. Ин шоха дар таърихи дини мубини Ислом бо номи равияи хавориҷ машҳур шуданд. Намояндагони ин ҷараён ба чор гурӯҳи калон ҷудо шуданд, ки дар навбати худ, ҳар як шоха ба чаҳор шохачаи майда ҷудо мешуд. Намояндагони ин ҷараён Қуръонро хонда, дидаву дониста, барои манфиатҳои худ шуда нодуруст ба мардум шарҳ медоданд. Алӣ маҷбур шуд, ки бар зидди ду ҳокими хавориҷ ҷангида ғалаба кард ва ду духтари ин ҳокимонро асир гирифта, дар никоҳи худ даровард ва аз ин издивоҷ соҳиби як писар ва духтар шуд. Пас аз як суҳбат бо саҳобагони пайғомбар як гурӯҳи муайяни хавориҷиҳо аз сафи хавориҷҳо баромада ба Алӣ пайвастанд. Пас аз ин воқеа хавориҷиҳои боқимонда дар соли 661 мелодӣ дар ҳолати ба масҷид ба нияти намозхонӣ даромадани Алӣ ӯро аз шикам ва сараш захмдор мекунанд, ки дар натиҷа Алӣ пас аз се рӯз ҷон медиҳад. Намояндагони ин гурӯҳ дар Димишқ Муовияро захмдор мекунанд, аммо ӯ зинда мемонад. Пас аз марги Алӣ Муовия худро хоқими хилофати Шом бо марказаш шаҳри Байтулмуқаддас эълон мекунад. Вориси Алӣ Ҳасан интихоб шуда, шаш моҳ ҳукмронӣ мекунад. Аммо аз сабаби кам будани тарафдоронаш аз тахти халифагӣ бар ивази ду миллион дирҳами тиллоӣ ба манфиати Муовия даст мекашад. Аммо Муовия бо роҳи туҳфаҳои арзишманд намояндагони олимартабаи динро ба ҷониби худ кашида, вориси худ писараш Язидро эълон мекунад. То ин замон халифаро ба тариқи овоздиҳӣ саҳобагон интихоб мекарданд. Пас аз марги Муовия писараш Язид халифа шуда, марказро аз Байтулмуқаддас ба Димишқ мекўчонад, бо ҳамин давлати Умавиён (661-750) ташкил мешавад. Пас аз ин воқеа ҷонибдорони Алӣ ҳам гурўҳҳои худро ташкил намуда, ба хотири Алӣ худро алавӣ номиданд, ё ин ки шиъа, яъне ҷонибдорони хонадони Алӣ номиданд. Ҷонибдорони Умавиён бошанд, худро суннӣ номиданд. Дар асри VII мелодӣ пайравони дини мубини Ислом ба се шохаи калон суннӣ марказашон Басра, шиъа марказашон Куфа ва равияи хавориҷ марказашон наздикиҳои рўди Наҳованд ҷудо шуданд. Аз миёни ин шохаҳо аз хама тунгаротаринаш маҳз хавориҷиҳо буданд, агар ягон шахс бар зиди ақидаҳояшон баромада туҳмат мекард, он шахсро мекуштанд. Намояндагони ин гурӯҳ ҳатто яке аз хешони Абубакрро бо ҳамроҳии завҷааш куштанд. Хавориҷиҳо ҳатто барои манфиатҳои худ шуда, дар як мудати муайян бо намояндагони яҳудӣ, насронӣ ва зардуштӣ созиш намуда, аз онҳо ҷизя - андози махсус аз ғайримусулмонро намегирифтанд, ба онҳо озодии пурра барои баҷо овардани маросимҳои динияшон медоданд. Бо ҳамин роҳ мавқеи худро дар байни намояндагони ин динҳо мустаҳкам мекарданд. Намояндагони ин гурӯҳ ҷиҳоди беохир ба муқобили сунниҳову шиаҳо ва ғайримусулмонҳо эълон карда буданд. Яке аз намояндагони ин гурӯҳ дар асрҳои миёна ибни Таймия буд, тамоми сураҳои Қуръонро мувофиқи фаҳмиши худаш шарҳ додааст. Ин шахс ба дараҷае иртиҷоӣ буд, ки ҳокимони мамлукҳои турктабор ё гурҷитабори мисрӣ ин шахсро зиндонӣ карданд. Ин шахс дар зиндон ҷон дод, аммо, мутаассифона, пайравонаш, яъне шогирдонаш аз зиндон баромада, идеологияи тундгароии ин шахсро дар байни мардум паҳн намуданд. Дар асри XVIII мелодӣ ҷосусони бритониёӣ бо ёрдами як зане ба яке аз намояндагони ин гурӯҳ Абдулваҳоби ироқӣ, ки падараш ба хотири зидди мактаби шофеӣ баромаданаш оқаш карда буд, ҳамкорӣ намуда, ваҳҳобиёнро бар зидди хилофати усмонӣ равона карданд. Мутаассифона, дар замони мо пайравони ин дин бо номҳои салафию ваҳҳобӣ ва Ал-қоида машҳур ҳастанд. Ҳамеша бо фармони хоҷагонашон аз зери пардаи динӣ мубини ислом ба қатлу ғорату террор даст зада, дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ дини исломро ҳамчун дини террористӣ нишон доданӣ мешаванд.

Ф. Ахмедов,

н.и.т., ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва мутахассиси соҳаи дин