Мақолаҳо
ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ҶАВОНОНРО ГУМРОҲ МЕСОЗАНД
Имрӯз ҷаҳони муосир бо пешрафтҳои илму техника ва дастовардҳои зиёди иҷтимоӣ, ҳамзамон, бо мушкилот ва таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст. Яке аз ин хатарҳо ифротгароӣ мебошад, ки бештар ҷавононро ҳадаф қарор медиҳад. Зеро ҷавонон ояндаи ҳар як миллатанд ва маҳз рӯи онҳо гурӯҳҳои ифротгаро сармоягузорӣ мекунанд, то аз содагию эҳсосоти тозаашон истифода баранд.
Ҷавонӣ давраи ормонсозӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ташаккули шахсият аст. Баъзан, набудани дониши кофӣ, сатҳи пасти маърифат, мушкилоти иҷтимоӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ боис мешавад, ки бархе аз ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтанд. Онҳо бо шиорҳои дурӯғин, ваъдаҳои беҳбудии зиндагӣ ва "ҷиҳод"-и бардурӯғ ҷавононро гумроҳ мекунанд.
Ҷавонони кишвар бояд бидонанд, ки шомил шудан ба чунин гурӯҳҳо на танҳо ояндаи шахсӣ, балки ояндаи ҷомеа ва давлатро зери хатар мегузорад. Ифротгароӣ роҳ ба сӯи парокандагӣ, зӯроварӣ ва ҷиноят аст. Барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо ҷавонон бояд:
- сатҳи дониш ва маърифати худро баланд бардоранд;
- аз манбаъҳои боэътимод иттилоъ гиранд;
- ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои неки тоҷикон такя намоянд;
- дар корҳои ҷамъиятӣ, ихтиёрӣ ва эҷодӣ фаъол бошанд.
Пешгирии ифротгароӣ танҳо кори мақомоти давлатӣ нест. Оила, мактаб, донишгоҳ, ҷомеа ва хусусан худи ҷавонон, бояд дар ин раванд саҳм гузоранд. Ташкили маҳфилҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва илмиву маърифатӣ метавонад ҷавононро аз хатари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дур созад.
Шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро на танҳо вазифаи давлатӣ, балки масъулияти ҳар як ҷавони огоҳ ва ватандӯст аст.
Танҳо бо дониш, ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ метавонем аз ин таҳдид наҷот ёбем ва ҷомеаи солиму амнро бунёд созем.
Табрез Азизмуродзода,
донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 1-25010728 факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ
