Китобхона
Дар донишгоҳ айни ҳол китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ фаъолият менамоянд. Зикр кардан бамаврид аст, ки китобхонаи илмӣ барои тарбияи мутахассисони соҳибунвон нақши ҳалкунанда мебозад. Дар китобхонаи илмии донишгоҳ 8 нафар кормандон: директор, 2 нафар китобдори калон, 3 нафар китобдор 1 нафар китобшинос ва 1 нафар сармутахасиси китобхонаи электронӣ кору фаъолият доранд.
Фонди умумии китобхонаи илмии донишгоҳро зиёда аз 111100 нусха адабиётҳо ташкил медиҳад.
Донишҷуён новобаста аз он, ки дар кадом бинои таълимӣ таҳсил менамоянд, аз китобхонаи донишгоҳ адабиётҳои лозимии худро дастрас менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо далолат аз он медиҳанд, ки дар ҳолати аз кор рафтан ё ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, дар варақаи гардишӣ (обходной лист) номи китобхона ба инобат гирифта шуда ва бо имзою муҳри китобхона қабул ва хориҷ карда мешавад.
Мониторинги миёнаи моҳонаи гирдгардиши китобҳо дар китобхонаи донишгоҳ чунин аст:
Мониторинги миёнаи моҳонаи давомоти донишҷуён дар китобхонаи илмии донишгоҳ дар давраи соли таҳсили 2019 ва се моҳаи соли таҳсили 2020 чунин натиҷа дод. Миқдори умумии аъзоён-хонандагон ба китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ ва мониторинги миёнаи моҳонаи гирдгардиши адабиётҳо (китобдиҳӣ) ва омаду рафти хонандагон.
№ т/т |
Муассиса |
Донишҷӯён |
Омӯзгорон ва кормандон |
Ҷамъи хонандаҳо |
Гардиши китобҳо (китобдиҳӣ) ва омаду рафти хонандагон дар давоми моҳ |
1 |
Китобхонаи илмӣ |
4000 |
434 |
4434 |
18632 |
2 |
Китобхонаи электронӣ |
1177 |
386 |
1563 |
2740 нафар |
Ҳамагӣ |
5177 |
741 |
5997 |
16731 |
Чорабиниҳои дар донишгоҳ баргузоргардида ва ширкати кормандони китобхонаи илмӣ дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва берун аз он
Дар соли 2021 китобхонаи илмии донишгоҳ дар ҳамаи мизи муддаварҳо, конференсияҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла конфронси илмӣ – назарявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён дар моҳи апрели соли 2022 бо намоиши китобҳои нав ва тахассусии соҳавӣ иштирок намуд.
Баъди тасдиқ ва пешниҳод гардидани рузи Президент дар китобхони илмии донишгоҳ гӯшаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда дар он ҳамаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовардашуда пешниҳоди хонандагон гардонида шудааст.
Инчунин бо супориши раёсати донишгоҳ дар бинои сеюми донишгоҳ кабинети илмии Пешвои миллат ташкил карда шуда аз ҳисоби фонди китобхонаи илмии донишгоҳ 160 нусха китоб барои ин кабинет ҷудо карда шуд.
Дар таърихи 21 апрели соли 2021 таҳти рақами №219 қарори раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баргузор намудани озмуни “ Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки китобхонаи илмии ДДМИТ ҳам барои иштирок дар ин озмун тайёрии ҳаматарафа дида иштирок намуд. Як нуқтаро қайд кардан ба маврид аст, ки китобхонаи илмии донишгоҳ дар озмуни “Китобхонаи илмии беҳтарин” дар байни ҳамаи китобхонаҳои муассисаҳои ноҳияи Синои пойтахт ҷои аввалро соҳиб ва сазовори Диплом ва мукофоти пулӣ гардида барои иштирок дар озмуни “ Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе роҳхат гирифт.
Афзун намудани фонди китобхона, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани истеъдоди касбии кормандон ва пешниҳоди навъҳои нави хизматрасонӣ барои хонандагон ва ба ин маркази фарҳангӣ ҷалб намудани шумораи бештари хонандагон мебошад. Бе монеа дастрас намудани маълумоти зарурии соҳаҳои гуногун ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа имконоти зарурӣ фароҳам меорад. Ин ҳадаф бо роҳи ташкили хуби кори китобхонаҳо, ҷорӣ намудани технoлогияи замонавии электронӣ, коркард, ҷустуҷӯю нигаҳдории маълумот ва инчунин табодули он аз тариқи васоити телекоммуникатсионии муосир ба даст меояд.
Китобхонаи илмии донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Китобхонаи давлатии патентию техникии “Маркази миллиии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо китобхонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич дошта, ҳамкорӣ карда истодааст.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНАИ ИЛМӢ.