Роҳбарияти донишгоҳ
Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ
Соли 1995 ба шуъбаи таҳсилоти рӯзонаи факултети тиҷорат ва гумруки Донишкадаи давлатии кооперативии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯроки омма (муҳандис - технолог) хатм намудааст.
Соли 2000–2001 - муҳосиби ҳисоббаробарии корхонаи воҳиди давлатии коммуналии иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷи тоҷик».
Соли 2001–2002 - мудири устохонаи таъмири техникӣ дар Парки трактории хоҷагии коллективии ба номи Алим Шарипови деҳаи Пушинг.
Солҳои 2005 – 2007 - назоратчии шуъбаи ҳифз ва низоми муассисаи тафтишотии сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2008–2009 - мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.
Солҳои 2009–2010 - корманди сехи таъминоти хӯроки дохилии ҳавопаймоҳои корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва мудири истеҳсолоти сехи таъминоти хӯроки дохилии ҳавопаймоҳои корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Солҳои 2010–2013 - амборчии ҶСК «Ширкати таъминоти хӯроки дохили ҳавопаймоҳо».
Соли 2013–2014 - дар вазифаи эдвайзери факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Солҳои 2014–2018 - мутахассиси шуъбаи тиҷорати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо
Аз 7-уми августи соли 2018 дар вазифаи муовини ректор оид ба ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дорад.