Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Коррупсия ва қонун

Коррупсия ва қонун

Рӯзи 9 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат бо коррупсия маҳфили “Ҳуқуқдони замони муосир” баргузор ва дар он мавзӯи «Коррупсия ва қонун» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сухани ифтитоҳиро декани факулта Ҷурахон Шарипов оғоз карда, қайд намуд, ки коррупсия ин як зуҳуроти номатлуби аср буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Ҳамзамон роҳбари маҳфил Н. Носиров дар мавзӯи «Коррупсия, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он» маъруза карда, афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтааст: «Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад». Аз ҷумла мавсуф қайд кард, ки коррупсия ин як роҳи соҳибият ба афзалиятҳо ва бартариҳои ноадолатона дар муқоиса бо дигарон ҳангоми иҷрои функсияҳои давлатӣ, дастрасӣ ба хидмати давлатӣ ва неъматҳои ҷамъиятӣ, бемасъулиятӣ дар назди қонун ва суд, баробари дигарон ба ҷо наовардани вазифаҳо дар назди давлат, сӯиистифода аз ҳокимият ба манфиатҳои шахсӣ мебошад.

Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Алиев Музаффар дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши коррупсия», Амирҷони М., дар мавзӯи «Мақомоти назорати молиявӣ» ва донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз Неъматов Р. дар мавзӯи «Коррупсия дар соҳаи иқтисодиёт», Сайдалиев Э., дар мавзӯи «Ҷавобгарии коррупсия» маърузаҳои пурмазмун карданд.

Дар фарҷом, декани факултет як қатор донишҷӯён, аз ҷумла Назарзода А., Неъматов Р., Алиев М., Файзов А., Ҳасани С., ва С. Камоловро барои иштироки фаъолона дар маҳфили «Ҳуқуқдони замони муосир» ва соҳиб шудан ба унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсия» бо ифтихорномаҳо мукофотонид.


Хисрав Муҳиддинов