Хабарҳо

Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳаёти ҷомеа муфиданд
Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи Ҳафтаи илм рӯзҳои 22 ва 23 апрел конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар конфронс омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон дар 10 бахши муқарраршуда маърузаҳои илмӣ карданд.
Рӯзи 25 апрел конфронс натиҷагирӣ карда шуда, роҳбарони бахшҳо дар назди ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ҳисобот доданд. Аз ҷумла, роҳбари бахши иқтисод, менеҷмент ва молия Ф. Убайдов, роҳбари бахши фаъолияти бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва суғурта Ҳ. Сандалов, роҳбари бахши ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ С. Ҳаитов, котиби бахши андоз ва гумрук Ф.Давлатов, роҳбари бахши математика ва фанҳои табиатшиносӣ Н. Усмонов, котиби бахши баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор К. Шодиев, котиби бахши фанҳои гуманитарӣ Сафарзода Ф., роҳбари бахши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ М. Раҳмонов, котиби бахши технологияҳои иттилоотӣ, информатика ва моделсозӣ У.Воҳидов, аз бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ Эламонов Т., устоди кафедра дар бораи шумораи маърузачиён, таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ва мақолаҳои беҳтарин маълумот доданд.
Ба шумори мақолаҳои беҳтарин корҳои ин нафарон пешниҳод гардиданд: Содиқов М., н.и.и., дотсент «Иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёт», Шарипов У., ассистенти кафедраи суғурта «Муаммоҳои баҳодиҳии тараққиёти сармоягузорӣ дар марҳилаи муосир», Қодиров З., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ «Тавсифи функсияҳои институти худидоракунии маҳаллӣ дар фазои иҷтимоию фарҳангии ҶТ», Воҳидов В.В., профессори кафедраи иқтисод ва идора «Рушди кишоварзии мамлакат – беҳтар шудани таъминоти шаҳрвандон бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноатӣ бо ашёи хом», Исломов Т., н.и.и., дотсент «Назари ретрспективӣ ба ташаккулёбии низоми андозбандӣ», Усмонов Н.У., профессор ва Кабиров А.Т., муаллими калони кафедраи математикаи олӣ «Масъалаи тасодуфии сингулярии (А) дар доираи коэффисиентҳои бештари синфҳои умумӣ», Ҷабборова М., «Таҳлили арзиши аслии истеҳсолоти саноати алюминий», Бозорова С.Ш., профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ «Фалсафаи тарбия: роҳҳо ва ҷустуҷӯи такмилдиҳӣ», Содиқова Б., муаллими калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ «Тарбияи ахлоқии донишҷӯён дар мактабҳои олӣ», Аламшоева М., ассистенти кафедраи информатика «Методи моделсозии иқтисодӣ-математикӣ ва моделсозии компютерӣ», Насриддинова Б., н.и.т., дотсенти кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ «Ташаккули тарзи ҳаёти солим асоси дарозумрии аҳолӣ».
Дар умум, 342 мақола пешниҳод ва аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешниҳодҳои амалишаванда карда шуд.
Дар ҷамъбаст ректори донишкада Солеҳзода А. баромад карда, қайд намуд, ки аз рӯи натиҷаи кори конфронс аён аст, ки сол ба сол шумораи бештари ассистентону аспирантон ва магистрантону донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб карда шудаанд. Бозгӯи ин ҳамон пешниҳодҳоеанд, ки дар конфронси мазкур карда шуда, хусусияти татбиқӣ доранд. Хуб мешуд, ки пешниҳодҳои мушаххас минбаъд бо овардани усул ва механизмҳои татбиқи онҳо ҷиҳати ташаккули соҳаи алоҳида карда шаванд, то ин ки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳаёти ҷомеа муфид бошад.
Дар охир, конфронс ҷамъбаст гардида, аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ба мақомотҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол карда мешаванд.
Машҳура Абдуллоева