Хабарҳо

Дарки моҳияти райъпурсии умумихалқӣ
Рӯзи 28 апрели соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ ва Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ бо аҳли омӯзгоргону донишҷӯёни ДМИТ вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар он Носирҷон Салимӣ, ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, узви КМИР, Шарифзода Раҳмонқул, сардори шуъбаи тарғибу ташвиқи Вазорати адлияи ҶТ, Абдуҷаббор Миралиев, сардори Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ва Самариддин Афғонов, сардори Раёсати мактабҳои олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҶТ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сараввал ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода баромад карда, қайд намуд, ки дар ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдории мустақил таҷрибаи кофии ташкили низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андӯхта мешавад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дарк менамояд, ки заминаҳои ин низом бояд мукаммал гардонида шавад. Чунин даркнамоӣ аз инкишофи ҷомеа дарак дода, худи инкишоф ба баланд бардоштани дарки масъулияти шаҳрвандӣ низ мусоидат менамояд. Бинобар ин пешравӣ, инкишоф, ноилшавӣ ба рушди устувор бо мукаммал гардонидани Конститутсия – санади заминасози давлатдорӣ ва муайянкунандаи принсипҳои рафтору муносибатҳо дар доираи ин давлатдорӣ имконпазир аст. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон низ далели ин аст, гуфт ректор.
Зимни суханрониаш академик Носирҷон Салимӣ дар бораи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ андешаронӣ карда, афзуд, ки зарурати аслии маърака ин пешрафти ҷомеа, таҳкими арзишҳои волои Конститутсия буда, заминаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия яке аз аломатҳои барҷастаи ҷомеаи демократӣ буда, ширкати фаъолонаи мардум дар ин маъракаи муҳим нишонаи иттиҳоду якдилии аҳли ҷомеа дониста мешавад.
Тавре Салимӣ Н. иттилоъ дод, феълан дар ҷумҳурӣ 68 ҳавза ва 3329 участкаи раъпурсӣ кушода шудааст ва инчунин дар 29 давлати дунё низ участкаҳои сайёр амал мекунанд. Мавсуф, ҳамчунин оид ба тартиби овоздиҳӣ маълумот дод.
Аз баромади подполковник Абдуҷаббор Миралиев маълум гардид, ки омори ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонон нигаронкунанда буда, дар семоҳаи аввали соли 2016 1551 ҳолати содир кардани ҷиноят аз тарафи ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015 11 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумора 16 ҷиноятро донишҷӯён содир кардаанд.
Дар баромади дигарон низ оид ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, эҳтиром ва риояи қонунҳои амалкунандаи мамлакат, ҳушёрии сиёсӣ ва аз пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ боздоштани ҷавонон ва дарки моҳияти райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ андешаронӣ карда шуд.
Машҳура Абдуллоева