Хабарҳо

Донишҷӯёни ДМИТ ҷоизадорони «Навовари беҳтарин»
Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №09/2-484 аз 30 майи соли 2016 озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин» бо иштироки донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорон рӯзҳои 2 – 3 июни соли ҷорӣ дар Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Барои иштирок дар озмуни мазкур аз ДМИТ 8 нафар донишҷӯён, 2 нафар устодони донишкада (Маъдиев С., Воҳидов У.) ва роҳбари гурӯҳ Сардори раёсати илм ва инноватсия Муқимов Қ. М. сафарбар карда шуданд.
Озмун дар се бахш: информатика, технология, тиббӣ-табиӣ ва иқтисодӣ сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни ДМИТ бо лоиҳаҳои беҳтару амалишаванда баромад карда, аз 9 ҷоизаи мавҷуда сетояшро соҳиб шуданд, ки натиҷаи беҳтарин аст.
Ҳамин тавр, дар бахши тиббию табиӣ ва иқтисодӣ ду нафар донишҷӯ - Тағоев Ҷамшед, донишҷӯи курси 1 ихтисоси андоз ва андозбандӣ, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бо пешниҳоди лоиҳа оид ба «Корхонаи истеҳсолӣ ва коркарди намак дар мисоли ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» сазовори ҷойи дуюм ва Булбулов Ҷумъахон, донишҷӯи курси 2 ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, факултети ҳисобдорӣ ва омор бо лоиҳаи «Таъсиси корхонаи хурди консервабарорӣ дар мисоли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин дар бахши информатика донишҷӯи курси 3 ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Воҳидов Алишер бо пешниҳоди лоиҳаи худ таҳти унвони «Имзои электронӣ» ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дигар донишҷӯён барои иштироки фаъол ва пешниҳоди лоиҳаҳои хуби татбиқшаванда дар озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.
Донишҷӯён аз ин сафар ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва иштирок дар озмуни мазкур бо таассуроти рангину хотирмон ва бо ғолибият баргаштанд.
Қутбиддин Муқимов
сардори Раёсати илм ва инноватсия