Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ бебаҳотарин ганҷ аст

Ваҳдати миллӣ бебаҳотарин ганҷ аст

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ рӯзи 14 июни соли равон маҳфили навбатии «Ҳуқуқдони замони муосир» баргузор гардид, ки он ба шарафи 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.
Онро дотсенти кафедра, роҳбари маҳфил Навоиддин Носиров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки барои таҳкиму нигоҳдории Ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ хурд ва чӣ бузург новобаста аз забон, нажод, миллат, дин ва мазҳаб бояд масъулияте нишон бидиҳанд.
Дар маҳфил, инчунин донишҷӯи курси 3, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Аҳлиддин Назарзода дар мавзӯи «Ваҳдат бақои миллат аст» ва донишҷӯи курси 2-и ҳамин ихтисос Музаффар Алиев дар мавзӯи «Ваҳдат бузургтарин дастоварди истиқлолият» маърӯзаҳо намуданд.
Дар фарҷом Н. Носиров ба шогирдону иштирокчиён таъкид дошт, ки маҳз ваҳдат ва муттаҳидӣ қодир аст, ки ифротгароию маҳалбозиро аз байн бурда, барои муттаҳидӣ ва ободии миллату давлат такон бахшад.


Насрулло Тӯйчизода