Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳми Мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёт

Саҳми Мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёт

Бахшида ба 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақомоти гумрук ва саҳми он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат» шуда гузашт. Дар кори он Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини ректор оид ба илми ДТТ, Парвиз Нидоев, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки ДСХТ, Ҳамрозода Бурибой, корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ,  иштирок ва суханронӣ карданд.
Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илми ДМИТ Ғиёсиддин Ашуров кушода, гумрукчиёнро ба муносибати 25-солагии мақомот муборакбод намуд. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияташ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, дар қатори дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеа гузоштааст.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ дар мамлакат вобастагии зич дорад. Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук низ серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқҳо, анҷом додани назорат аз болои содироти маводи стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок иборат мебошад. Умуман, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳама гуна таҳдид ва хатарҳо вазифаи мақомоти гумрук аст. 
M_Gumruk4001.jpgАз ҷумла Раҷабов Р. дар бораи истифодаи низомҳои гумрукӣ истода гузашта, қайд кард, ки вобаста ба давраҳо пешравиҳо ба назар мерасанд, масалан низоми содирот нисбат ба соли 2011 дар соли 2015 афзоиш ёфта, 2,07 маротибаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мақомоти гумрук низоми воридоти мавсимиро истифода мебарад, ки он барои рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузорад.
Пешниҳод карда шуд, ки дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикиситон низоми системаи назорати гумрукӣ ва системаи хати гумрукӣ бояд, ки дуруст ташкил карда шавад. Модели пешниҳоднамуда ба се чиз асос меёбад, инҳо бо селаи борҳои воридотӣ ва борҳои содиротӣ, истифодаи дурусти воситаҳои нақлиёт, модели селавиро истифода бурда, сарфаи вақтро ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ба назар гирифтан аст, гуфт мавсуф. 
Дар охир, барои рушди соҳаи гумрук якчанд самти асосӣ ҷудо карда шуд, аз қабили рушди инноватсионии пояи моддию техникии соҳа, таҳким ва рушди инфрасохтори гумрук, автоматикунонии байни мақомоти гумрук ва ташкилотҳои нақлиётӣ ва декларантҳо, таҷдиди назар кардани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, таҳия, такмил ва содагардонии шакл ва усулҳои назорати гумрукӣ, мубориза бар зидди вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, мусоидат намудан ба амалигардонии тадбирҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ равона гардидаанд ва ғайраҳо. 
Ҳамчунин Олимҷон Шомуддинов ва Ҳайдар Маҳмадзода, собиқадорони хадамоти гумрук дар бораи таърихи мақомоти гумрук ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.
Дар ин зимн филми мустанад дар бораи фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.


Машҳура Абдуллоева