Хабарҳо
Муқовимат бо коррупсия-омили асосии рушди ҷомеа
Дар доираи иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» факултети молия ва қарз санаи 29 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи мавриди назар мизи мудаввар баргузор кард, ки дар кори он Нигора Муқимӣ, сардори раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни оғози чорабинӣ Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ин, пеш аз ҳама, пешгирӣ аз паёмадҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ аст, ки дар рушди кишвар монеаҳо эҷод мекунад. Ташкили ин гуна чорабиниҳо судманд ва саривақтист, - гуфт дар охир Қодиров Ф.
Сипас Муқимӣ Н. дар мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда иброз дошт, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.
Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, дар иҷрои вазифаҳои худ содиқона ва бо масъулияти баланд амал намоянд, - гуфт номбурда.
Вобаста ба ин, инчунин Саидхуҷа Махшулов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи «Афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Дар интиҳо, миёни иштирокчиён ва корманди Агентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Амирхон Баротов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз