Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён забони хитоӣ меомӯзанд

Донишҷӯён забони хитоӣ меомӯзанд

Инак, тайи 2 моҳ аст, ки дар ДМИТ курси омӯзиши забони хитоӣ барои донишҷӯён тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар курси омӯзишӣ асосан донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистр дарс омӯхта истодаанд. Бояд қайд кард, ки машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгори забони хитоӣ Ши Бин бо маҳорати баланд гузаронида мешаванд. 
Дарсҳо дар як ҳафта ду маротиба дар ду баст доир гардида, дар ҷараёни он муколама, тарзи дуруст навиштани иероглифҳои забони хитоӣ ва дуруст талаффуз намудани онҳо ба донишҷӯён омӯзонида мешавад. 
Ҷараёни дарсҳои курси омӯзишии мазкур аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада назорат карда мешаванд. 
Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ, яъне санаи 29 декабри соли сипаришуда дар толори Шӯрои олимон ректори донишкада Давлатзода Қудрат ба омӯзгори забони хитоӣ Ши Бин, ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаи хотирмон, ки муаррифгари фарҳанги халқи тоҷик асту хусусияти миллӣ дорад, тақдим намуд. 
Ши Бин дар навбати худ барои пешвози гарм ва самимӣ изҳори сипос намуда, Тоҷикистонро кишвари дуюми худ хонд. 


Шаҳром Саломиён, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ