Хабарҳо
Таъйиноти кадрӣ ва як соли фаъолияти ДМИТ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018 №7 Давлатзода Қудрат Қамбар аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод ва ба вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018 №9 Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин гардид.
Ҳамин рӯз дар донишкада ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд. Дар он Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт ва таъйиноти кадриро ба ҳозирин эълон кард.
Нуриддин Саид ба Давлатзода Қ.Қ. барои фаъолияти пурсамар ва ободкориҳои таълимгоҳ, ки дар ин муддати кӯтоҳи роҳбарӣ кардааст, изҳори сипос намуд ва ба ректори навтаъйингардида Шукрулло Хайрзода барои пешбурди фаъолият дар донишкада ва ободию пешравии он муваффақият хост.
Давлатзода Қ.Қ. ба сухан баромада, аз аҳли коллективи меҳнатӣ барои фаъолияти якҷояи муташаккилона ва дастгириашон изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар охир ректори донишкада Шукрулло Хайрзода баромад карда, гуфт, ки ба коллективи меҳнатӣ такя намуда, ҳамаи супоришу дастурҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои вазири маориф ва илми Тоҷикистонро бо масъулияти баланд иҷро хоҳем кард. Ҳайати профессорону устодон ва кормандонро дар иҷрои вазифаҳои худ ба муташаккилӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят кард.
Баъдан тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори донишкада оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ректори донишкада Хайрзода Ш. дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишкада муфассал суханронӣ карда, барои соли 2018 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки ҷамъбасти соли 2017 шаҳодати он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ дастовардҳои чашмрас ба даст омаданд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Дар ин сол ДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо гирифтани 193 хол сазовори ҷойи чорум гашт, ки ин барои донишкада дар байни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мақоми баланд аст. Ҳамчунин чандин нафар донишҷӯёни мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки барои мо мояи сарбаландист.
Дар ҷодаи илм низ дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён назаррасанд, аз ҷумла дар ин сол 5 нафар аспирантон рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя карданд.
Ҳамин тавр, дастовардҳои таълимӣ, илмию методӣ ва тарбиявӣ муайянкунандаи мақом ва мартабаи донишкада дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.
Дар баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор баъзе камбудиҳоро дар сохторҳо ёдрас шуд, ки дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд. Аз ҷумла, камбудиҳо дар фаъолияти кории баъзе аз кураторон, пурра иҷро нагардидани нақшаи дарсҳои кушод, татбиқ нагардидани “Низомномаи таъсиси кластерҳои таълими инноватсионӣ” ва як қадар норасоиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳидаро чун тақвияти эродҳои зикршуда таъкид кард. Ҳамчунин таклиф карда шуд, ки гурӯҳҳои корӣ дар мақомоти роҳбарикунандаи донишкада камтар шуда, ба ҷои он худтафтишкунӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҳамзамон сарвари таълимгоҳ дар ҷамъбаст ҳадафи асосии кормандон ва ҳайати профессориву омӯзгории донишкадаро дар тарбияи мутахассиси фаъол ва созанда, инчунин дар донишҷӯён тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ ватандӯстӣ донист, ки ин ҳама барои ноил шудан ба дастовардҳои навин мусоидат менамоянд. Омили муҳимми таъмини рушди донишкада ва баланд бардоштани сифати таълим мунтазам такмил додани стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва сайқал додани савияи дониши устодон тавассути курсҳои такмили ихтисос мебошад, ки дар арзёбии сифати таҳсилот ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён нақши муҳим ба ҳисоб меравад ва дар таълимгоҳ ин қабил курсҳо пайваста ташкил ва гузаронида мешаванд, гуфт ректор.
Баъдан устодон Амрулло Нурализода, Кошонова М.Р., Давлатзода Абдулло ба музокира баромада, ҳисоботи яксолаи фаъолияти донишкадаро қаноатбахш ҳисобида, барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо тавсияҳои судманд доданд.
Дар охири ҷаласа бархе аз устодону кормандони фаъоли донишкада бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд, аз ҷумла Сафаров Б., Исмоилов Ш., Насриддинов Ф., Давлатов Х., Мансурова Ҷ., Одинаев Б., Наҷмиддинов А., Холбобоев М., Мирҷамолов М., Давлатзода А., Бухориев М., Мухторов З.
Дар ҷамъбаст, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2018 иҷрои баъзе корҳо муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо муваззаф карда шуданд.
Машҳура Абдуллоева