Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори дипломатияи об

Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори дипломатияи об

Рӯзи 10-уми январ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Президент Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори дипломатияи об» баргузор гардид. 
Дар кори конференсия намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барандагони стипендияи президентӣ ва иддае аз ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. 
Конференсияро Каримҷон Салимзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ифтитоҳ карда, мақсади онро шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки ҳазораи ҷадид, ки густариши раванди саноатикунонии тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз як сӯ, омили рушди иқтисодии ҷаҳон гардида бошад, аз сӯи дигар, боиси тағйирёбии ҷиддии иқлим шудааст. Ин масъала тақозо менамояд, ки барои беҳбудии фазои атмосфераи сайёраи замин дар сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешида шавад. 
Сипас Назарзода Шодӣ Ризо, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои дипломатияи об суханронӣ намуда, баён дошт, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне роҳандозӣ гардид, ки шиддати тағйиёбии сайёраи замин торафт авҷ гирифта, ҳаёти инсоният гирифтори мушкилоти нангин гардида буд. Мақсади Пешвои миллат дар самти дипломатияи об расидагӣ намудан ба наҷоти башарият аз муаммову мушкилоти иҷтимоӣ, ки бо иллати дастрасии маҳдуди оби ошомиданӣ сар задаанд, мебошад. 
Бунавша Қодирова, ноиби ректори ДМИТ вобаста ба имкониятҳои оби ошомидании Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ сухан намуда, иброз дошт, ки захираҳои обии Тоҷикистон сарчашмаҳои тиллоии оби ошомидании минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Коркарди мақсадноки ин захираҳо метавонад фаротар аз марзҳои минтақаи Осиёи Миёна таровида, миллионҳо одамони сайёраро шодоб намояд. 
Дар идомаи кори конфронс муҳаққиқон ва иштирокчиён бо далоили мушаххаси илмӣ дар мавзӯъҳои зикргардида баромад намуданд. 
Пешниҳод гардид, ки муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсия таҳия гардида, пешкаши табақаҳои гуногуни ҷомеа ва сохторҳои пешбаранда гардонида шавад. 


Фаридун Саидов