Хабарҳо
Омӯзиши самтҳои иқтисодии паём
Санаи 17 январи соли ҷорӣ дар донишкада маҳфили илмӣ-тарбиявии «Фарҳангдӯст» дар мавзӯи «Методикаи омӯзиш ва таълими самтҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.
Маҳфилро Ғуломҷон Мирзоев, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ кард ва дар ин баробар мавзӯи баррасишавандаро дар пешрафти вазъи кунунии инкишофи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас Меҳтархон Содиқов, н.и.и., декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дар мавзӯи «Методикаи омӯзиш ва таълими самтҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ибрози андеша кард. Мавсуф, аз ҷумла зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 саривақтӣ буд.
Дар ҷараёни суханронии хеш маърӯзачӣ афзуд, ки мувофиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, соҳаи сайёҳӣ яке аз қувваҳои ҳаракатдиҳандаи иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки агар барои рушди соҳаи сайёҳӣ 1000 сомонӣ сарф карда шавад, дар натиҷа он то 5000 сомонӣ фоида ба даст меорад. Мувофиқи маълумотҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо, соҳаи сайёҳӣ барои рушд додани 53 соҳаи хоҷагии қишлоқ мусоидат мекунад ва самараи хуб ба бор меорад.
- Шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи мазкур хеле мусоид мебошад ва бо ривоҷу равнақ додани ин соҳаи афзалиятнок буҷаи ҷумҳуриамон низ ғанӣ гардида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хубтар мегардад, - гуфт дар хотимаи суханронии хеш Меҳтархон Содиқов. Дар охир доир ба мавзӯъ баҳси илмӣ сурат гирифт.
Хисрав Муҳиддинов