Хабарҳо
Хушунат дар оила ва роҳҳои ҳалли он
Зери ин унвон 18 январи соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ДМИТ семинар-машварат баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои кор бо ҷавонон, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолону ҷавонони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Семинарро Давлаталӣ Суфизода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди зиёд андешидаи тадбирҳо аз ҷониби сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар самти нигоҳдошти устувории оилаҳо ҳанӯз ҳам муаммову мушкилоти оиладорӣ яке аз масълаҳои актуалии иҷтимоӣ ва ташвишовари кишвари мо қарор дорад. Ба зудӣ ҳал нагардидани камбудии мазкур ва ё дар як чаҳорчӯбаи муайян ба низом дароварда натавонистани он низ омилҳои гуногунеро ба монанди аз байн рафтани эҳтироми оиладорӣ, косташавии маърифати ахлоқии ҷомеа, беэътиноии қишри калонсол дар муносибати ҷавонон мебинад.
Сипас Маҳкамбой Гулзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз воқеъбинона назар афканем, мебинем, ки барои ҷомеаи кишвари мо сабабу омилҳои густариши хушунат дар оила ва дигар муаммоҳои печидаи оиладорӣ возеҳу равшан аст. Аммо моро мебояд роҳҳои ҳалли онро ҷӯё бошем ва дар доираи ҳамин дарёфтҳои мушкилкушо бо ҷомеа, махсусан насли ҷавон корҳои самаранокро роҳандозӣ созем.
Ҳамчунин Абдулло Давлатзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДМИТ дар мавзӯи «Муаммову мушкилоти актуалӣ дар оила ва роҳҳои ҳалли онҳо» маърӯза карда, баён дошт, ки дар доираи як тадқиқоти сотсиологие, ки соли 2016 бо ибтикори сохторҳои кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, бисёре аз муаммову мушкилоти хушунатбарангези оилавӣ ба монанди аз байн рафтани бовариву эътимод нисбати ҷонибҳо, беэҳтиромии ҷонибҳо нисбати ҳамдигар ва ё наздикону пайвандон, муҳоҷирати меҳнатӣ, набудани ҷои кори доимӣ, сатҳи пасти маърифати оилавӣ, мавқеи манфии шахси сеюм дар оила, хиёнат ба ҳамдигар, набудани фарзанд, косташавии арзишҳои суннатии оиладорӣ, носабурӣ, муроҷиатҳои даъвоии занон аз болои шавҳарон ва ё наздикони онҳо, фаъолияти нокифояи марказҳои машваратии равонӣ, маслиҳатҳои носолими марказҳои машваратии ҳуқуқӣ бо занон, ки аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, муайяну мушаххас гардиданд. Дар марҳилаи баъдӣ мебоист аз рӯи ҳамин мушкилот сохторҳои идеологӣ, махсусан мақомоти салоҳиятдори соҳа кор мекарданд, аммо кор чандон ҷоннок ба роҳ монда нашуд. Имрӯз бошад, зарурате пеш омадааст, ки баҳри пешгирии ҳама гуна омилҳое, ки боиси ноустувории оилаҳо ва ё барангехтани кинаву адовату хушунати оилавӣ мегарданд, таваҷҷуҳи муассиру самарабахш равона карда шавад. Зеро дар аксар ҳолат бо ба миён омадани чунин муаммоҳои оилавӣ шахсони сеюм, ки онҳо низ кӯдакон мебошанд, ҷабри бештар дида, олитарин арзиши маънавии худ, яъне боварӣ ба фардоро аз даст медиҳанд ва билохира бо ҳамин сабабҳо онҳо ҳамчун шахсони душвортарбия ё дар низоъ бо қонун ба воя мерасанд.
Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти салоҳиятдори кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шахсони рӯзгордида маърӯзаҳо намуданд.
Пешниҳод карда шуд, ки бо дарназардошти мубрамияту ҷолибияти масъалаи мазкур он дар марҳилаҳои баъдӣ бо шакли фарогирии оилаҳои осебпазир дар миёни аҳолӣ баргузор карда шавад, то ҷомеа огаҳии комил аз печидагиҳои манфии он пайдо созад.
Фаридун Саидов