Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози хониши лексияҳои проблемавӣ дар донишкада

Оғози хониши лексияҳои проблемавӣ дар донишкада

Санаи 20.01.2018 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсат ва Шӯрои илмию методии донишкада нахустин лексияи проблемавӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи лексияи проблемавӣ ректори донишкада Хайрзода Ш.Қ. иброз намуд, ки ташкили хониши лексияҳои проблемавӣ бо мақсади тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва методии устодони ҷавон ба роҳ монда шуда, минбаъд ҳар рӯзи шанбе баргузор карда мешаванд. Дар идомаи суханронӣ ректор аз коллективи устодон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён хоҳиш намуд, ки дар тавсеаи ҷаҳонбинии илмии худ талош кунанд ва ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Дар интиҳои суханронӣ ба раёсати илм ва инноватсия супориш дода шуд, ки фаъолияти илмию тадқиқотии устодони ҷавонро зери назорати қатъӣ гирифта, фаъолияти маҳфилҳои «Зеҳн», «Коршиноси иқтисодӣ» ва дигар маҳфилу семинарҳои факултетӣ ва кафедравиро тақвият бахшанд. 
Сипас, Қодиров Ф.А., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар мавзӯи «Такмили фаъолияти маркетингии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси татбиқи 10 қоидаи Гай Кавасакӣ)» баромад намуд. Зимни баррасии проблема дар аввал иброз дошт, ки мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 минбаъд иқтисодиёти кишвар аз рӯйи модели индустриалию аграрӣ инкишоф хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар самти такмили фаъолияти маркетингии онҳо, аҳамияти муҳимми илмӣ ва амалӣ дорад. 
Дар рафти лексия проблемаҳои фаъолияти маркетингии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои пешниҳоднамудаи Гай Кавасакӣ баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда бо такя ба принсипҳои мазкур пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар аксар корхонаҳои саноатии кишвар заифии мотиватсия, камбудиҳо дар номгузорӣ, адами таваҷҷуҳ ба масоили рушди инноватсионӣ, непотизм, камбудиҳо дар сиёсати кадрӣ ва иртиботӣ ва ғайра фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатиро таъмин карда наметавонанд. 
Дар интиҳои лексия пешниҳод карда шуд, ки: 
- корхонаҳои саноатӣ ба сиёсати иртиботии худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд; 
- ҷиҳати такмил ва истифодаи технологияҳои маркетингӣ аз тавсия ва машварати мутахассисони академӣ, аз ҷумла мутахассисони муассисаҳои олии таълимӣ истифода кунанд; 
- ба ороиши борҷома, пешниҳод ва пешбурди мол дар бозор, эҳтироми муштарӣ ва тақвияти маркетинги мустақим чораҷӯӣ кунанд; 
- ба интихоб ва тарбияи насли нави кадрҳои соҳаи саноат бо муассисаҳои олии таълимӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста, дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию тадқиқотӣ иштирок кунанд; 
- барои ҳалли мушкилоти худ, аз ҷумла дар самти таҳияи матни таркиб ва хусусиятҳои маҳсулот, мазмун ва муҳтавои роликҳои рекламавӣ ва омӯзиши рафтори истеъмолкунандагон аз иқтидори илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон истифода кунанд; 
- зимни ҳалли мушкилоти маркетингии худ аз таҷрибаи хориҷа, махсусан аз принсипҳои Гай Кавасакӣ истифода намоянд. 
Дар охир саволу ҷавоб ва музокираи аз нигоҳи илмӣ шавқовар баргузор шуда, иштирокчиён ташкили чунин лексияҳоро муҳим ва судманд арзёбӣ намуданд.