Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муваффақияти илмӣ

Муваффақияти илмӣ

Рӯзи 26-уми январи соли равон аввалин шуда, Ашуров Муҳаммадӣ Нусратович, ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМИТ дар Шӯрои навтаъсиси диссертатсионии байнидавлатии К08.17.564 дар назди Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷалолобод, Донишгоҳи давлатии шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон», зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя кард. 
Дар илми тоҷик ин мавзӯъ бори аввал мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. 
Аҳли коллективи донишкада Ашуров Муҳаммадиро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният намуда, дар корҳои ояндааш барору комёбӣ таманно менамоянд.