Хабарҳо
Муносибати нав ба таълим
Бо мақсади вусъат бахшидани раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот ва дастрасии ҳарчи бештари омӯзгорону кормандон ба низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот бо ибтикори раёсати донишкада рӯзҳои 22 ва 23 январи соли ҷорӣ курси омӯзишии «Ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» баргузор гардид.
Сараввал Қаландаров А., н.и.п., сардори раёсати таълим ба ҳозирин мақсади ташкил ва баргузории курсҳои мазкурро фаҳмонида, дар бораи баъзе камбудию норасоиҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар самти таълим изҳори андеша намуд. Махсусан доир ба ҷорӣ намудани низоми нави таълими фосилавӣ, ки бори аввал дар донишкада барои донишҷӯёни курси якуми шакли низоми таълими фосилавӣ (қаблан шуъбаи ғоибона) роҳандозӣ шудааст, сухан рафта, саволу ҷавоб, баҳсу андеша ва музокираҳои озод сурат гирифт.
Собир Гулбоев, менеҷери барномаи таҳсилоти фосилавӣ дар ДМИТ, ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, ҷиҳати бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт маслиҳатҳои муфид дода, роҳҳои ҳалли онро, пеш аз ҳама, дар омодагии устодон ба ин шакли таълими нав арзёбӣ кард.
Дар ин курс Маҳмадмуродов А., дотсенти кафедраи табиатшиносӣ баромад карда, иброз дошт, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи роҳбарияти донишкада дар сатҳи таълим гузариш ба натиҷаҳои нигаронидашудаи таҳсил ба мукаммалкунии мунтазам ва сифатноки барномаҳои таҳсилот ва дигаргуншавии фалсафаи тарҳрезӣ, амалигардонӣ ва баҳодиҳии раванди таълим таъсири мусбат расонид.
Нуктаҳои асосии консепсияи таъмини сифати таҳсилоти ДМИТ ҳаҷм ва сохтори донишҳо, тафаккури касбии хатмкунанда, коркарди услуби фаъолият, маҳорати роҳбарӣ, қобилияти коркарди тавсияҳо ва сармояи зеҳниро дар бар мегирад.
Қайд гардид, ки мақсади гузаштан аз низоми анъанавӣ ба низоми кредитӣ ин, пеш аз ҳама, ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, мустаҳкамкунии пояи моддию техникӣ, мукаммалгардонии мунтазам ва сифатноки барномаҳои таҳсилот ва эътироф гардидани дипломи мутахассисони омоданамудаи донишкадаи мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамчунин рӯзҳои 24-27 январи соли равон дар донишкада бо мақсади дастрасии омӯзгорону кормандон ба технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва рушди ҳукумати электронӣ курси омӯзишии «Истифодаи технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим ва таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид, ки онро Мӯсо Мирхолов ва Мансури Бахтиёр, барномасозони барномаи таҳсилоти фосилавӣ, намояндагони ширкати «Ватан-ИTК» гузаронида, моҳияти ин шакли таҳсилотро ба шунавандагон – омӯзгорон фаҳмониданд.
Рӯзҳои 29-30 январ бошад, курси омӯзишии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баргузор мегардад, ки дар он устодон аз профессор Кабиров Ш. ва дотсент Сафаров С. қоидаҳои имлои забони давлатиро меомӯзанд.
Умуман, ташкил ва доирнамоии чунин чорабиниҳои омӯзишӣ, ки бевосита ба сайқал додани касбу малака ва маҳорати педагогӣ мусоидат мекунанд, амалисозии салоҳиятнокиро дар таълими донишҷӯён таъмин месозанд.
Шуъбаи табъу нашр