Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалб ва истифодаи сармоя дар шароити иқтисоди кушод

Ҷалб ва истифодаи сармоя дар шароити иқтисоди кушод

Тавре иттилоъ дода будем, минбаъд ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе бо ташаббуси раёсат ва Шӯрои илмию методии донишкада лексияҳои проблемавӣ баргузор мегарданд. 27 январи соли равон дар толори конфронсии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Шарипов Умар, ассистенти кафедраи суғурта дар мавзӯи «Махсусияти ҷалб ва истифодаи сармоя дар шароити иқтисоди кушод» лексияи проблемавӣ баргузор гардид. 
Онро Қутбиддин Муқимов, сардори Раёсати илм ва инноватсия кушода, оғози хониши лексияҳои проблемавиро дар донишкада иқдоми хуб номид. Қайд гардид, ки чунин баромадҳо ба таври мунтазам сурат гирифта, дар такмили маҳорати педагогӣ ва суханварии устодон мусоидат менамоянд. 
Умар Шарипов дар баромади худ изҳор дошт, ки чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ қарор дорад, сатҳи нисбатан пасти рушди баъзе бахшҳои иқтисодӣ ва норасоии захираҳои молиявӣ ба назар мерасанд. Дар ин росто, мо бояд имкониятҳои дохилии ҷараёнҳои сармоягузориро фаъол гардонем. Барои ин, пеш аз ҳама, фазои мусоиди сармоягузорӣ бояд таъмин гардад. 
Дар охир, доир ба мавзӯи баррасигардида музокираҳо сурат гирифт. 


Насрулло Тӯйчизода