Хабарҳо
Курсҳо барои такмили забондонӣ
Мутобиқи фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 22.01.2018 № 20 рӯзҳои 29-30 январи соли равон дар донишкада курсҳои омӯзишии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» гузаронида мешавад.
Имрӯз, 29.01.2018 дар оғози курси омӯзишӣ Асомуддин Қаландаров, сардори раёсати таълим баромад карда, зарурати ташкили курсҳоро барои такмили забондонии омӯзгорон ва дурусту бехато пеш бурдани ҳуҷҷатнигорӣ ба забони давлатӣ дар донишкада арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки риояи имлои забони давлатӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгорон муҳим буда, аз онҳо омӯзиш ва мутолиаи бештарро тақозо менамояд.
Машғулиятро Шаҳбоз Кабиров, профессори кафедраи забони тоҷикӣ гузаронида, каме дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ истода гузашт. Сипас дар бораи имлои нави забони давлатӣ ва тағйироти ба он воридгардида маълумот дод. Профессор Кабиров Ш. асосан дар бораи қоидаи истифодаи ҳарфи ӯ, калимаҳои ташдиддор, йотбарсарҳо, қоидаи гузоштани аломатҳои китобат ва ғайраро ба омӯзгорон фаҳмонид. Ҳамчунин шунавандагон ба саволҳои баҳсноки худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Пагоҳ курси омӯзишӣ идома меёбад ва дар он устодони кафедраи забони тоҷикӣ ба омӯзгорон дарси ҳуҷҷатнигорӣ мегузаранд.
Машҳура Абдуллоева