Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Китоб – беҳтарин тӯҳфа: тақдими 1200 китоб ба Донишгоҳи давлатии Данғара

Китоб – беҳтарин тӯҳфа: тақдими 1200 китоб ба Донишгоҳи давлатии Данғара

Рӯзи 27 январи соли равон бо дастгирии бевоситаи ректори донишкада Хайрзода Ш.Қ. ва ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи бандҳои Созишнома байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти №008/17 аз 26.11.2017с. 25 номгӯй асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсии таълифнамудаи олимону устодони донишкада дар ҳаҷми 1200 дона ба Донишгоҳи давлатии Данғара тақдим карда шуд. Китобҳоро ба ноҳияи Данғара муовини ректори ДМИТ оид ба илм ва инноватсия Қодиров Ф., декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Содиқов М., сардори шуъбаи табъу нашр Носиров С. ва мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Бобоев Ҷ. бурда расониданд. 
Қобили қайд аст, ки китобҳо дастоварди чанд соли охири ҳайати илмиву омӯзгории донишкада буда, дар баробари китобҳои тахассусӣ, инчунин теъдоди муайяни воситаҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тақдим гардид. 
Ин амали некро роҳбарият, аҳли ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат хуш пазируфта, аз ҳамкорӣ дар ин самт изҳори миннатдорӣ карданд. 
Бо қаноатмандӣ аз ин ташаббус ректори донишгоҳ, профессор Шоҳиён Н.Н. изҳор дошт, ки дар доираи иҷрои талаботи Созишнома миёни таълимгоҳҳои ҳамкор метавон ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мақсади Созишнома ин тақвият бахшидан ба робитаҳои ин ду муассиса дар раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот, нуфузи донишгоҳҳо аз нигоҳи рақобатпазирӣ ва муайян намудани самтҳои ҳамкории судманд дар равияҳои таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ мебошад. 
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2013 таъсис ёфта, дорои 6 факултет, 21 кафедра ва дигар сохторҳои ба пешравии фаъолияти самарабахши донишгоҳ ёрирасон мебошад. Ҳоли ҳозир дар ДДД беш аз 3800 донишҷӯ дар ихтисосҳои гуногуни шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона ва низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Тазаккур бояд дод, ки ҳамкориҳо дар асоси Созишнома миёни ин ду таълимгоҳи ҳамкор минбаъд дар самтҳои дигар низ идома хоҳанд ёфт. 


Саъдулло Носиров