Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарбия кори саҳлу осон нест

Тарбия кори саҳлу осон нест

Рӯзи 30 январи соли 2018 бо ташаббуси шуъбаи тарбия дар доираи иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳо семинари омӯзишии корҳои тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он асосан кураторони ҷавон ва камтаҷрибаи донишкада ҷалб шуданд. 
Дар кори семинар Носиров С.Ш., н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Тарбия, мақсад ва вазифаҳои он дар шароити муосир» маърӯза карда, роҷеъ ба принсип, метод, санъат ва технологияи тарбия маълумот дод. Илова ба ин, мавсуф бо истифода аз слайд қоидаҳо, муносибати комплексона ва ташкили корҳои тарбиявиро фаҳмонида, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки минбаъд дар ҷараёни амалисозии корҳои тарбиявӣ ва кор бо донишҷӯён нозукиҳои ин самтро ба эътибор гирифта, фаъолияти кураториро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. 
Ҳамчунин дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии 18 унсури таркибии тарбияи миллӣ, ки дар ҷараёни корҳои таълимию тарбиявӣ баъзеи онҳо сарфи назар мешаванд, таъкид рафт. Дар анҷоми баромад Носиров С. устодони ҷавонро ҳидоят намуд, ки дар дарсҳои тарбиявӣ, махсусан аз тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тафаккури интиқодӣ, тарбияи таҳаммулпазирӣ, тарзи ҳаёти солим ва дар ин баробар аз тарбияи иқтисодӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ҷузъҳои таркибии тарбия, ки дар Консепсияи миллии тарбия ҷой дода шудаанд, истифода баранд. 
Дар фарҷом, миёни маърӯзачӣ ва кураторони ҷавон як суҳбати озод сурат гирифт, ки муҳтавои онро бештар арзёбии салоҳиятнокӣ, мустақилият додан ба ҷавонон, худидоракунӣ, одоби муошират, роҳандозии тарбияи касбии донишҷӯён – мутахассисони оянда ва ба ҳамин монанд андешаҳо дар бар мегирифт. 
Кори семинар бо тафсир ва таҳлили мазмуни чанд панду ҳикмат, ки роҳу равиш, тарзу восита ва амалисозии шеваи тарбияи замони имрӯзаро дар мавриди тарбияи инсони комил фаро мегиранд, анҷом ёфт. 
Дар семинар масъулини шуъбаҳои тарбия, ҷавонон, мутахассис оид ба хобгоҳ ва шӯрои бонувони донишкада ҳузур доштанд ва онро ҷамъбаст карданд. 
Рӯзи дигар, 31 январ дар идомаи кори семинар бештар дар мавриди кори ҳуҷҷатнигорӣ, қайди мавзӯъҳои дарсҳои тарбиявӣ дар журнал, банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ, тақвияти робита бо волидон ва дигар масоили марбут ба фаъолияти корҳои тарбиявӣ фаҳмонида шуд. Таъкид карда шуд, ки кураторон дар фаъолияти минбаъдаи корӣ масъулият ва муносибати навро ҷиддӣ ба роҳ монда, аз болои риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ ва донишандӯзии толибилмон назоратро пурзӯр кунанд. 


Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси шуъбаи тарбия