Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ - дар меҳмонии ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

ДМИТ - дар меҳмонии ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Рӯзҳои 26-27-уми январи соли равон Табарзода Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор» сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии кишварро ба ҳузур пазируфт. Ин лоиҳа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. 
Маросими истиқболи меҳмонон бо қабули тантанавӣ оғоз гардида, дар ҷараёни он ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. 
Сипас бо иштироки доираи сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии кишвар конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» доир карда шуда, масъалаҳои такмили фаъолияти сохторҳои кор бо ҷавонон дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ, муаммо ва мушкилоти ҷавонон, ҷавонон ва инноватсия, ташаккули маърифати технологии ҷавонон мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт. 
Нимаи дуюми ҳамин рӯз дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Дурахши исторагони сулҳ дар пойтахти фарҳанг» бо иштироки ҳунармандони Хатлонзамин доир гардид. 
Санаи 27 январ бошад, бо иштироки Абдулло Ҳабибулло, ректори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҳайати устодону профессорони донишгоҳ ва меҳмонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва давлатдории миллӣ» мизи мудаввар доир гардид. 
Ҳамчунин дар идомаи барнома боздиди меҳмонон аз Қалъаи Кӯлоб, оромгоҳ ва осорхонаи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сурат гирифт. 
Нимаи дуюми ин рӯз дар театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода намоиши «Баҳори Ваҳдат», ки бозгӯкунандаи ҳаводиси даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, манзури меҳмонон гардонида шуд. 
Зимни ин меҳмонӣ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро Давлатзода Абдулло Давлат, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, Мардон Бухориев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии донишкада ва донишҷӯён: Ҳилола Шукурова, Файзигул Раҳмонова, Дилшод Давлатзода, Меҳроб Давлатов ва Ҷавшан Фатҳуллоева намояндагӣ намуданд. Зимни баргузории мизи мудаввар Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ ва давлатдории миллӣ» ва Ҳилола Шукурова дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон - василаи ташаккули маърифати ваҳдатсолории ҷомеа» суханронӣ намуданд. 
Ҳамин тавр, аз ҳар як сафар ҷавонон бо таассуроти бой ва дӯстони нав бармегарданд ва ҳамкории байни макотиби олӣ қавитар мегардад. 


Мардон Бухориев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ