Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили ҷашни Сада дар донишкада

Таҷлили ҷашни Сада дар донишкада

Ба муносибати иди Сада рӯзи 31 январи соли ҷорӣ кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Ҷашни Сада дар осори бузургон» баргузор намуд. 
Маҳфилро дотсент Асадулло Муллоҷонов оғоз намуда, иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани маҳфил дар мавзӯи мазкур ин пос доштани фарҳанги миллӣ, ҳисси эҳтиром гузоштан ба ҷашнҳои таърихии миллист. 
Сипас номбурда дар мавзӯи мавриди назар маърӯза намуда гуфт, ки олими намоёни англис Арнолд Тойнби дар «Таърихи тамаддун»- и дувоздаҳҷилдаи худ менависад, ки «Инсон бо дастёбӣ ба инқилоби кишоварзӣ хешро шарики фаъоли табиат кард; ба ин қарор, ки ба хилофи гузаштагони худ ба зиндагии ангалӣ (паразитӣ)-и худ идома надод ва бо табиат шарик шуд. Парвариши ҳайвонот ва кишти наботот (зироатҳои хӯшаӣ) самараи бинишу оянданигарӣ ва талоши мудовиму хештандории ононе, ки барои идомаи зиндагиашон ниёз ба зиндагии бевақфаи ин фазоил буд, эҳсос карданд». 
- Ин иқтибос бевосита ба ҷашни Сада робитаи мустақим дорад. Мафҳум ва фалсафаи ин ҷашн рӯшанӣ ва ғалабаи нур бар зулмат аст, ки бар асари оташ афрӯхтан ҷаҳаннами шару бадиҳо аз миён меравад. Дар миёни тоҷикон низ оташ рамзи покӣ ва бегуноҳӣ аст ва ин ҷашни пеш аз ислом имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст ва нишон медиҳад, ки миллати мо ҷонибдори рӯшанӣ ва сулҳу дӯстӣ аст, - гуфт маърӯзачӣ. 
Дар интиҳо қайд гардид, ки Сада нозанинтарин ҷашни аҷдодии мост. Нишон аз меҳрпарастӣ ва ихтирои бузурги инсоният дорад. Сада аз пой то сар ба зоҳиру ботин намунаи барҷастаи ҳикмати куҳан аст. 


Иқбол Ҷобиров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ