Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саидасрор – донишҷӯи навовар

Саидасрор – донишҷӯи навовар

Саидасрор Наимов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии манбаи маълумоти «Низоми идоракунии автоматии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳти роҳбарии устодон Нурализода Амрулло ва Мирзоев Нуралӣ соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотии Маркази миллии патенту иттилоот гардид. 
Тавре Саидасрор иттилоъ дод, бо ҷорӣ гардидани манбаи маълумоти «Низоми идоракунии автоматии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имкони идоракунии электронии муассиса, муҳособи электронӣ, баҳисобгирии омори шумораи хонандагон ба даст меояд ва барои ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ такони ҷиддие мебахшад. 
Саидасрор Наимов донишҷӯи фаъолу аълохон буда, дар корҳои ҷамъиятии донишкада ҳамеша ширкат меварзад ва ҳамчун мутахассиси ояндаи технологияҳои иттилоотӣ кӯшиш дорад, ки бо идеяҳои наву тоза лоиҳаҳои инноватсионии ҷолиб таҳия созад. Мо ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш парвозҳои баланд хоста, умедворем, ки сафи ин қабил донишҷӯёни навовару кӯшо афзун мегардад. 


Машҳура Абдуллоева