Хабарҳо
Мастер класс оид ба таҳияи мақолаи илмӣ
Рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ дар донишкада бо ташаббуси раёсати илм ва инноватисия семинари методӣ оид ба тартиб ва усули навиштани мақолаҳои илмӣ ва асосҳои ташкили фаъолияти илмию тадқиқотӣ бо иштироки Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия баргузор гардид.
Дар он нахуст Анис Аламшоев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ, ҳамчун як муҳаққиқи ҷавон ба ассистентону омӯзгорони навкор дар бораи интихоби мавзӯъ ва таҳияи рисолаи номзадиро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод.
Сипас Фирӯз Қодиров, дар мавриди интихоби мавзӯъ, аппарати илмӣ, услубу забони мақолаи илмӣ, талаботи асосии мақолаи илмӣ, аз қабили таҳияи аннотатсия, калидвожаҳо, иқтибосоварӣ, тартиби адабиётро ба иштирокчиёни семинар ба таври возеҳу равшан нишон дод.
Ҳозирин ба саволҳои баҳсноки худ дар мавриди таҳияи мақолаи илмӣ ва рисолаи номзадӣ аз баромадкунандагон посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ин иқдоми пешгирифтаи раёсати илм ва инноватсия барои ба самти илм равона намудани омӯзгорони ҷавон ҳамчун раҳнамо хоҳад буд.
Хисрав Муҳиддинов