Хабарҳо
Натиҷагирии фаъолияти ДМИТ
Рӯзи 5 феврали соли ҷорӣ дар маркази матбуоти АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон оид ба фаъолияти ДМИТ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2017-2018 иттилоъ доданд.
Ректори донишкада Шукрулло Хайрзода дар бораи дастовардҳои донишкада дар соли сипаригардида ибрози назар карда, афзуд, ки дар соли ҷорӣ донишкада дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт, ки ин мақоми баланд аст. Ҳамчунин чанд нафар донишҷӯён дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати аҳли коллективи таълимгоҳ мебошад. Айни ҳол дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишкада, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо идома доранд. Гуфта шуд, ки воситаҳои методию таълимии электронӣ тариқи планшет ва ноутбукҳо паҳн карда мешаванд ва зина ба зина ҷараёни таълим ба истифодаи пурраи чунин воситаҳо гузаронида мешаванд.
Вобаста ба ҷалби довталабон гуфта шуд, ки соли 2017 беш аз 39 ҳазору 305 нафар довталаб Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар вақти бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ интихоб намуданд (ин дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷойи 6-ум аст). Дар соли 2017-2018 иҷроиши нақшаи қабул 95,6 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2016-2017 7 фоиз зиёд аст.
Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ навгониҳо зиёд буда, дар ин сол 4 нафар устоди донишкада рисолаи номзадии хешро ҳимоя карда, сафи устодони унвондорро афзун карданд. Ректор дар мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии устодоне, ки дар хориҷи кишвар рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, низ истода гузашт ва идома додани ин анъанаро барои ҳавасмандӣ ва пешбурди корҳои илмӣ муҳим донист. Таъкид гардид, ки вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар донишкада конференсияи илмию амалӣ доир гардид ва дар саҳифаи интернетии донишкада зербанди алоҳида кушода шуд, ҳамчунин шуруъ аз соли 2018 маҳфили доимии “Об барои рушди устувор” ташкил карда мешавад. Бахшида ба эълон шудани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бошад, ихтисоси нав – сайёҳии байналмилалӣ таъсис дода шуда, баргузории озмуну чорабиниҳои гуногун вобаста ба ин ва ташкили саёҳату экскурсияҳо ба мавзеъҳои таърихии кишвар дар назар гирифта шудааст, гуфт ректор.
Инчунин гуфта шуд, ки Мирзоахмедов Ф., профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии донишкада ҳамчун профессори даъватӣ дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи давлати Туркия ба донишҷӯён лексия хонд, ки ин ҳам дастоварди илмии таълимгоҳ маҳсуб меёбад, гуфт Хайрзода Ш.
Иловатан, дар рафти нишасти матбуотӣ ректор вобаста ба самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДМИТ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал ироа карда, ба суолҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.
Машҳура Абдуллоева