Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Машварати тиббӣ ба истиқоматкунандагони хобгоҳ

Машварати тиббӣ ба истиқоматкунандагони хобгоҳ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои нуқтаи тиббии донишкада санаи 5 феврали соли ҷорӣ миёни донишҷӯдухтарон-истиқоматкунандагони хобгоҳи №2 вохӯрӣ бо мутахассиси тиббӣ оид ба машварати ҷавонони Маркази саломатии №1-и шаҳри Душанбе Камолова Нигина гузаронида шуд. 
Дар он асосан масъалаҳо вобаста ба бемориҳои сироятӣ байни духтарон ва бонувон, шароити маишӣ ва бехатарии техникӣ муҳокима ва баррасӣ гардид. 
Камолова Н. оид ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВИЧ-СПИД, гепатит, зардча, обакон, бемориҳои сироятии пӯст ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, роҳҳои пешгирии ин маризиҳоро гуфта гузашт. 
Ҳамзамон Маҳбуба Ғафорова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва духтарони донишкада аз донишҷӯдухтарон даъват ба амал овард, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ, сару либос, одоби салом ва тартиботи дохилии хобгоҳро риоя намуда, барои дигарон намуна бошанд. 
Дар охир, миёни шунавандагон ва мутахассисони соҳаи тиб саволу ҷавоб сурат гирифт. Қайд гардид, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ донишҷӯдухтарони донишкада метавонанд ба таври ройгон аз хизматрасонии тиббии машваратии ҷавонон истифода баранд. 


Меҳрона Ҳакимова, ҳамшираи тиббии донишкада