Хабарҳо
Омӯзиши Паём дар факултет
Бо ибтикори садорати факултети молия ва қарз тибқи нақша-чорабиниҳо санаи 6 феврали соли 2018 бо иштироки муовинони ректор оид ба илм ва тарбия Қодиров Ф., Қодирова Б., мудири кафедраи суғурта Маъдиев С., устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултет Шералиев Э. оғоз бахшида, иброз дошт, ки мо вазифадорем, ки Паёми Пешвои миллатро омӯзем ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро он барномаи амали ҳар як сохтор аст. Дар ин радиф, Қодиров Ф. баромад намуда, самтҳои иқтисодии Паёмро шарҳ дода, асосан дар бораи рушди сайёҳӣ, эълон шудани моратория ба корхонаҳои истеҳсолӣ, сабукиҳои андозӣ, ки дар Паём оварда шудаанд, истода гузашт.
Ҳамзамон Саидхуҷа Маъдиев дар мавзӯи “Татбиқи Паёми Пешвои миллат тариқи моделҳои иқтисодӣ” баромад намуда, самтҳои иқтисодии Паёмро тавассути моделҳо ба иштирокчиён баррасӣ намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ Қодирова Б. баромад карда, миннатдории худро ба садорати факултет ҷиҳати ташкили чунин чорабиниҳои илмӣ-тарбиявӣ, ки барои тарбияи дурусти ҷавонон нигаронида шудааст, изҳор дошт.
Мубораки Назримад., эдвайзер оид ба тарбия